Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи байни ТадАЗ ва Hydro Aluminium


Hydro Aluminium як ширкати норвегӣ аз ҳамкорони стратегии Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон эълом шуд. Ин мувофиқа баъди гуфтушунид миёни Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбарияти ширкати Hydro Aluminium ба даст омадааст. Саймон Сторезунд, ноибраиси аршади ширкати Hydro Aluminium тайи як нишасти матбуотӣ гуфт, ин тавофуқ бо мақомоти Тоҷикистон баъди ду сол ва хеле мураккаб тамом шудааст.


Тавофуқ миёни Hydro Aluminium-и Норвегия ва Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон баъди 2 соли мурофиаи додгоҳ дар Лондон ба даст омад. Ширкати норвегӣ аз Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллари амрикоиро тақозо мекард. Ин маблағро ҷониби Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон ба ширкати Ансол низ ҷониби дигари созишномаи соли 2003 вогузор менамуд. Баъди иваз шудани роҳбарияти корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон ҳамкориҳояшро бо ширкати Ансол пурра қатъ намуд.


Саймон Сторезунд, ноибраиси аршади ширкати Hydro Aluminium-и Норвегия гуфт, Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон муваззаф шудааст, то 4 соли оянда солона аз 120 то 200 ҳазор тон алюминиуми ибтидоиро ба дастраси ширкаташ қарор диҳад. Дар навбати худ, дар ин муддат ширкати Hydro Корхонаи алюминиуми Тоҷикистонро солона бо 150 ҳазор тон хокаи алюминиум таъмин мекунад. Садриддин Шарипов, раиси Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон гуфт, акнун ширкати норвегӣ аз умдатарин ҳаморони корхона хоҳад буд.


Тибқи иттилооти расмӣ, Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон солона ҳудуди 370 ҳазор тон алюминиум истеҳсол мекунад. Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон калонтарин корхонаи саноатии кишвар маҳсуб мегардад ва ҳаҷми аксари ММД - и кишвар ба ин корхона рост меояд.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG