Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Базми атфол дар сафорати Бритониё


«Шарм медорам, агар ягон кас пурсад, ки Ҷамила хонда метавонӣ? Мегӯям не. Охир чӣ кор кунам, ба мактаб рафтан намемонанд.»

Ин духтар Ҷамила ном дорад, 12 сола аст ва баъд аз хатми синфи 3 волидонаш дигар иҷозати ба мактаб рафтанашро надодаанд. Зеро ба назари онҳо таҳсили духтар чандон муҳим набудааст. Ҷамила мегӯяд, ҳар субҳ аз тирезаи хонаашон ба суйи ҳамсолонаш, ки ба мактаб мешитобанд, бо ҳавас нигариста аз бесаводӣ ва зиндагии якранги худ шарм медоштааст.

«Мактаббачаҳоро дида маро ашк гулӯгир мекунад»

Ҷамила ва 50 нафар ҳамсолонаш аз оилаҳои камбизоат ба ҷашни солинавии сафорати Бритониё ва дафтари Кумиссиюни Аврупо даъват шуда буданд. Бачаҳоро кормандони сафорат ва дафтари Кумиссиюни Аврупо бо бино, таҷҳизоти техникӣ ва барномаҳое, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми тоҷик равона карда шудааст шинос карданд. Шаҳло, корманди сафорати Бритониё мегӯяд:

«Дар ноҳияи Тавилдара як мактабе буд, ки дар ҳолати бадтарин қарор дошта тамоман дар он ҷо дарс хондан мумкин набуд ва мо онро ба як мактаби зебо табдил додем.»

Грем Лотен, сафири Бритониё дар Тоҷикистон мегӯяд, бори саввум аст, ки барои атфоли фақир онҳо ҷашни соли навӣ меороянд:

«Фикр мекунам, дар соли нав, ки мо мулоқоту шабнишиниҳои зиёд мегузаронем, хуб аст ки мо як рӯзамонро бо бачаҳое, ки имкони камтари бошукӯҳ гузаронидани соли навро доранд сипарӣ мекунем. Баъди мулоқот бо бачаҳо таассуроти ман хеле хуб аст, онҳо бо забони англисӣ ҳарф зада дар бораи кишвари мо бисёр чизҳоро медонанд. Ҳукумати Бритониё бо Тоҷикистон ҳамкории хуб дорад. Барои мисол ҳамасола кишвари мо дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон 8 -9 миллион доллар медиҳад. »

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ин ду созмон базми солинавӣ оғоз гардид. Бачаҳо рақсу бозӣ карданд ва бо сароидани шеърҳои солинавӣ соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ гаштанд.

Гуфта мешавад, сафорати Бритониё ва Кумиссиюни Аврупо дар соли 2007 низ роҳандозии барномаҳое, ки барои инкишоф ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо мусоидат мекунад, роҳандозӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG