Пайвандҳои дастрасӣ

Зарардидагони Чернобил аз имтиёзоти вижа бархурдор хоҳанд шуд


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни ҳифзи иҷтимоии атбои осебдидаи ин кишвар аз садамаи ниругоҳи атомии Чернобилро ба тасвиб расонид. Маҳбуба Нуриддинова - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳати омма ва муҳити зист гуфт, то кунун қонуни хосе ҷиҳати ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои афроди осебдида аз садамаи Чернобил дар Тоҷикистон амал намекард.


Ва бо гузашти бист сол аз замони вуқӯи фалокат дар ниругоҳи ҳастаии Чернобил дар Украина, ки дар кори рафъи авоқиби он аз Тоҷикистон бештар аз 4500 нафар иштирок кардааст аввалин бор аст,ки як чунин қонун таҳия шуда, ба тасвиб мерасад.


Вай афзуд, шаҳрвандоне, ки дар рафъи пайомадҳои садамаи Чернобил ширкат кардаанд, бемориро ба наслҳои худ боқӣ мегузоранд. Вай гуфт ба ҳамин далел,ки ин афрод ва аъзои хонаводаи он ҳамеша таҳти муроқибат ва назорати вижаи табибон қарор бигиранд, давлат барои онҳо 15 намуди имтиёз, аз ҷумла кафолати табобати ройгон, ироаи кӯмакпулиҳои изофагй қоил шудааст.


Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов-раиси ҲКТ ва намояндаи ин созмон дар порлумон гуфт,ки қонуни мазкур дар даъвати қаблии Маҷлиси накмояндагон таҳия шуда буд вале ҳукумат онро ба илати набуди маблағ бозпас гардонида буд.


Садамаи Чернобил дар Украина дар соли 1986 рух дод, ки ба таъйиди коршиносон хисороти он ду маротиба бештар аз хисороти бомбҳои афкандаи Амрико дар Ҷопон будааст. Ҳарчанд манобеи расмӣ шумори атбои осебдидаи Тоҷикистонро ҳудуди 2 ҳазор нафар меҳисобанд, тибқи иттиллои ғайрирасмӣ ин рақам бештар аз 7 ҳазор аст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG