Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон


Мусалмонони Тоҷикистон дар охирин рӯзи соли 2006 ҳулули Иди Қурбонро ба ҳамдигар табрик мегуянд. Бар асоси қарори Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон якшанбеи 31-декабри соли равон рӯзи шурӯъи иди Қурбон дар саросари ин кишвар муайян шудааст.


Ҳамдулло Раҳимзода сархатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт ин тасмим дар пайи нишасти ахири Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон иттихоз шудааст.Оқои Раҳимзода афзуд ба муносибати вуруди Иди Қурбон қарор аст дар ҳама масҷидҳои ҷомеъи Тоҷикистон дар ин рӯз намози идона баргузор гардад.


Аз ин пеш мусалмонони Тоҷикистон 24- октябри соли равон иди дигари мазҳабии худ - Иди Фитро ҷашн гирифта буданд. Иди Қурбони имсола дар ҳоле дар Тоҷикистон дар мекӯбад,ки дар шаҳри Душанбе ва дигар навоҳиву шаҳрҳои ин кишвар мардум бинобар сардии ғайримунтазираи ҳаво бо мушкили камбуди барқ ва газ мувоҷеҳанд.
XS
SM
MD
LG