Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба истеъфои ҳукумати Қирғизистон


Бишкек Мирасрор Фарғонӣ Ба таври ногаҳонӣ ба истеъфо рафтани ҳукумати Қирғизистон дар миёни вакилони мардумӣ, коршиносон ва намояндагони доираҳои сиёсии ин кишвар сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.

Ба гуфтаи иддае аз вакилони мардумӣ дар паси истеъфои ногаҳонии ҳукумат маҳз пароканда кардани Жуқорғи кенеш ё парламент меистад. Яке аз ҷонибдорони чунин ақида ноиби раиси парламент Қувоничбек Исобеков мебошад. Ба гуфтаи ӯ, истеъфои ҳукуматро фоҷиа баррасӣ кардан нашояд, зеро ин тасмим дар доираи қонун сурат гирифтааст. Оқои Исобеков таъкид кард, ки агар президент ба амри пароканда кардани парламент имзо гузорад, ин амри ӯ хилофи Қонуни асосии кишвараш мебошад. Қувоничбек Исобеков гуфт, ки воқеан касе ба истеъфо рафтани ҳукуматро интизор набуд.

Ноиби раиси парламенти Қирғизистон истеъфои ҳукуматро барои мардуми кишвараш тӯҳфаи солинавии зери нохунак арзёбӣ кард. Вай афзуд, ки аммо парокандашавии парламент кишварро ба ташаннуҷи авзоъ рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Аксарияти намояндагони парламент низ мӯътақиданд, ки мардуми кишвар президент ва депутатҳоро барои панҷ сол интихоб кардааст ва тибқи конститутсия онҳо ин муддатро сипарӣ хоҳанд кард.

Аламбет Матиброҳимов-депутати парламент ибрози норизоӣ кард, ки ҳукумат бидуни қабули буҷаи соли 2007 ба истеъфо рафт. Ин дар ҳолест, ки ҳукумат метавонист, моҳи ноябр ин тасмими худро эълом кунад. Ба гуфтаи депутат Алишер Собиров, ҳукумати амалкунанда мутобиқи қонун таъсис ёфтааст ва ваколати худро то интихоботи нави парламентӣ бояд иҷро кунад. Вай афзуд, фақат ҳизбе, ки дар интихоботи навбатии парламентӣ пирӯз хоҳад шуд, ҳукумати нав таъсис хоҳад дод.

Истеъфои ҳукумати Қирғизистон дар миёни коршиносон ва намояндагони доираҳои мухталифи сиёсии ин кишвар низ вокунишҳои ҷиддиро ба миён овард.

Аз ҷумла, Нурлан Содиқов-мудири пажуҳишгоҳи сиёсати Қонуни асосӣ, мақараш дар Бишкек мегӯяд, дар сурате, ки ҳукумати амалкунанда то таъсиси кобинаи нав аз ваколатҳои худ даст кашидааст ва намехоҳад тибқи тарҳи нави Қонуни асосӣ фаъолияташро идома диҳад, ҳатмист, ки ҳукумати муваққатӣ таъсис дода шавад.

Ба гуфтаи мавсуф, ҳарчанд президент истеъфои ҳукуматро фавран пазируфт, вале меъёрҳое, ки тарҳи нави Қонуни асосӣ муқаррар кардааст, ҳаргиз барои ба истеъфо рафтани ҳукумат асос буда наметавонад.
XS
SM
MD
LG