Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти ҳайъати варзишии Тоҷикистон аз Қатар


Раҳбари ин ҳайъат Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бозиҳо беш аз 13 ҳазор варзишгари 45 кишвари қора тӯли 16 рӯз рақобат карданд.

Вай афзуд: «Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули ҳудуди 90 варзишгар дар 14 риштаи варзиш ҳунарнамоӣ карда, аввалин бор дар Бозиҳои Осиёӣ медалҳои тилло ба даст овард. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 43 сантиметр ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 81 килограмм ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Расул Боқиев дар риштаи гуштии дзюдо дар вазни то 73 килограмм ва Шокирҷон Раҷабов дар риштаи таэквон-до дар вазни то 84 килограмм соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд. Бад-ин тартиб Тоҷикистон дар ин бозиҳо бо касби ду медали тилло ва ду нишони биринҷӣ аз 21 кишвари қора пеш гузашта, дар мақоми 24-ум қарор гирифтааст. Умуман, намояндагони Тоҷикистон дар чаҳор давраи Бозиҳои Осиёӣ, аз соли 1994 то инҷониб ҳамагӣ 12 медал - 2 тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст овардаанд.»

Оқои Абдуллоев дар идома иброз дошт, ки понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар, аслан як марҳалаи омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти интихобии олимпӣ маҳсуб мешуд. Соли оянда намояндагони Тоҷикистон барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG