Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи иҷрои оташбас миёни Ҳамос ва Фатҳ


Созиши оташбаси нав миёни ҷиноҳҳои рақиби фаластинии Фатҳ ва Ҳамос аз имрӯз (20 декабр) ба марҳилаи иҷро даромад. Созиши пешини байни ин ду гурӯҳ бо бурузи даргириҳо беш аз як рӯз идома накард.


Баъди он ки Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён хостори баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат шуд, рӯзи сешанбе бар асари даргириҳои тоза миёни аъзои ду созмон дасти кам шаш нафар кушта шуданд.


Созмони Ҳамос, ки ҳукумати фаластиниёнро дар даст дорад, интихоботи зудрасро намепазирад ва гуфтааст, ҳар гуна интихоботи нав талоши сарнагун кардани ҳукумат аст.


Қаблан ҳам Маҳмуд Аббос ва ҳам нахуствазир Исмоил Ҳония аз тарафҳои даргир хостанд, то набардҳо дар Навори Ғаззаро мутаваққиф кунанд.
XS
SM
MD
LG