Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро мардуми одӣ Леонид Илич Брежневро ба некӣ ёд мекунад, вале коршиносон на? Чаро бархе давраи раҳбарии ӯро тилоӣ меноманд ва бархи дигар мегӯянд, "он як маҳбаси бузург" буд? Аз чӣ дар бораи ӯ латифаҳои зиёде бофта шудаанд?

ТАСМИМИ РУМИНИЯ

Руминия аввалин ва ягона кишвари собиқ блоки шарқ шуд, ки гузаштаи коммунистии худро маҳкум кард ва онро як давраи пур аз ҷиноят номид. Президенти Руминия Трайан Басеску дар паёмаш ба порлумон аз натиҷаҳои пажӯҳиши 600-сафҳагии давраи коммунистӣ нақл кард, ки 2 миллион нафар кушта шудааст, дигарандешон маҳбусу бадарға шудаанд, мардум дар бечорагӣ, гуруснагӣ ва ноумедӣ зистааст. Ва хулоса кард, "режими коммунистии Руминия аз соли 1945 то 1989 ғайриқонунӣ ва ҷиноӣ буд." Вакилони порлумон ва ҳозирон бархе садои шодмонӣ сар доданд ва бархи дигар нидои тамасхур.
Ин қарор ба таҳқиқи рӯйдодҳои як давраи 44-солаи таърихи Руминия, муҳокима ва муҷозоти гунаҳкорон ва ҷуброни хисороти ҷабрдидагон роҳ боз мекунад. Коммунистони собиқ ва онҳое ки бо режими коммунистӣ робитаи наздик доштанд, мегӯянд, набояд таърихро сиёсӣ кард. Масалан, Вадим Тудор, ки шоъири дарбори Чаушеску ном гирифтааст, гуфт, "дуруст аст, ки мо бояд ниқоб аз рӯи ҷинояткорони давраи Сталинӣ бардорем, вале оё метавон маликаи инглисро, ки дар ҳамон мошини диктатор менишаст, маҳкум кунем?"

БРЕЖНЕВ ВА ТОҶИКОН

19-уми декабр садумин солгарди зодрӯзи раҳбари собиқи шӯравӣ Леонид Брежнев буд. Ба ин муносибат дар ду шабакаи телевизионии Русия як филми мустанад ва як филми бадеӣ намоиш дода шуд, дар матбуоти Русия ва Ғарб чанд матлаб нашр шуд ва хулосаи куллӣ ин буд, ки ҳарчанд аз даврони брежневӣ фурсати зиёд нагузаштааст, худи Брежнев, сиёсатҳои ӯ ва зиндагии он давра ба як миф ё устура ва афсона табдил ёфтаанд. Ҳамкорам дар бахши русии радиои Озодӣ, Пётр Вайл мегӯяд, ҳарчанд дар ин филмҳо, чи мустанад ва чи бадеӣ, ҳақиқати таърихӣ ҳузур дошта, гузашта ба таври воқеъбинона тасвир ёфтааст, мешавад гуфт, "дар онҳо бисёр чиз ҳаст, вале на ҳама чиз. Монанди тарс, тирагӣ, беилоҷӣ... Хуллас, вақте дар бораи таърих на ҳама чиз гуфта мешавад, таърих ҳақиқати худро гум мекунад."Дар гузориши ҳамкорам дар Душанбе, Сайёфи Мизроб мешунавем, ки мардум дар Тоҷикистон аз Брежнев хотираҳои хуб доранд ва онро як давраи тилоӣ меноманд. Зимнан Брежнев ягона сарвари шӯравӣ буд, ки дар авҷи раҳбарияш ба Тоҷикистон сафар кардааст.

РАҲБАР ВА НИЗОМ

Ин гузоришро ҳамроҳ бо журналисти тоҷик, сардабири нашрияи оппозисюнии "Чароғи рӯз" Додоҷони Атовулло шунидем ва аз ӯ пурсидам, оё назараш чист?

Додоҷони Атовулло: "Ба фикрам, он давраро метавон, давраи зиндагӣ дар як маҳбаси бузург номид. Ва он ки мардум имрӯз як носталжӣ ва ё ҳасрати он давраро доранд, на аз худи он замона, балки аз вазъи имрӯзии одамон сарчашма мегирад. Зеро зиндагии имрӯзаи мардум аз бад ҳам бадтар шудааст. Дар замони Брежнев бисёр озодиҳои инсонӣ маҳдуд буданд, вале мардум зиндагии роҳта доштанд, гурусна, бекор, бебарқ ва бесарнавишт набуданд. Ҳамаи ин аз байн рафт ва ҳатто бисёр мафҳумҳои муқаддасе монанди "озодӣ, баробарӣ, истиқлолият" ва монанди инҳо шармсор карда шуданд, вале боз ҳам аз дасти ҳамон номенклатураи коммунистӣ."

Аммо ба назари шумо нақши як раҳбар, сарвар, лидер чӣ таъсир дорад ба ҳамаи ин?

"Бисёр одамон мегӯянд, ки шахсони ивазнашаванда вуҷуд надоранд, вале онҳо ҳастанд. Фарқи раҳбар аз лидер ва ё сиёсатмадор аз лидер, яъне пешво дар он аст, ки лидер идея ва андешаи муайян дорад ва мардумро аз паси худ мебарад. Раҳбарӣ фақат мансаб нест, балки масъулият низ ҳаст. Имрӯз агар аз ин дидгоҳ ба Тоҷикистон нигарем, мебинем, ки дар кишвар лидерҳо ё нестанд ва ё наметавонанд, зоҳир шаванд. Ва он як нафареро, ки лидер меноманд, таърифу тавсиф мекунанд, на лидер, балки шахси тасодуфист, ки фурсати тараққии кишварро аз даст додааст. Ва бисёр дарднок аст, ки ӯро ивазнашаванда ё бидуни алтернатива меноманд, аз номаш даҳҳо китоб менависанд ва дуруст аст, ки бархе аз раҳбаронро замона ва ё рӯйдодҳои муайян ба саҳна меоранд, аммо баъзе аз онҳо барои он ба саҳна меояд, ки мардуми худро наҷот диҳад, бархи дигар барои он ки худ давр ронад ва фақат фикри худро кунад."

Дар ҳамин мавзӯъҳо, вале бо тамаркузи бештар ба нақши Брежнев бо як коршиноси дигар низ сӯҳбат хоҳем кард, вале дар ин байн бо кӯмаки ҳамкори мо дар Душанбе, Зарангези Наврӯзшоҳ шунидем, ки раҳгузарон дар бораи шахсият ва корномаи Брежнев асосан ҷавоби мусбат додаанд, ҳарчанд як посухи миёна низ буд ва ду нафар гуфтаанд, Брежневро аслан намешиносанд.

УСТУРА ВА ВОҚЕЪИЯТ

Аҷиб буд, ки тасаввуроти ҳамнафасони яклаҳзагии мо ба хулосаи Пётр Вайл дар бораи ба миф ё устура табдил ёфтани Брежнев ҳамоҳанг аст. Ҷавонони тоҷик, ки қиссаҳои зиндагии аҳди Брежневро аз падару модарони худ шунидаанд, ӯро раҳбари хубу арзанда номиданд.
Таҳлилгари тоҷик, корманди Маркази пажӯҳишҳои стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Комёб Ҷалилов ба суоли нахуст, яъне фикри шумо дар бораи даврони брежневӣ аввал хандае зад. Сипас гуфт, ин як давраи таназзул ва рукуд буд. Аз ӯ пурсидам, пас чаро мардум аз он даврон ёдбудҳои хуш доранд? Гуфт: "Сабаб дар он аст, ки дар он давра, чи дар сатҳи байнулмилал ва чи дар дохили мамлакат як оромӣ ва эътидол ҳоким буд, ҳама чиз қобили пешгӯӣ ва пешбинӣ буд."

Чанд рӯз пеш президенти Руминия гузаштаи коммунистии кишвари худро маҳкум кард, оё, ба фикри Шумо, дар дигар мамолики шӯравии пешин зарурати чунин иқдом вуҷуд дорад?

Комёб Ҷалилов: "На, зарурат нест. Файласуфу гуфтааст, агар шумо ба гузашта аз туфанча тир андозед, гузашта ба шумо бо тӯп посух хоҳад дод. Ба фикри ман, гузаштаро набояд сиёҳ кард, балки ҳамонгуна ки ҳаст, боқӣ гузошт. Қатъи назар аз он ки ин чӣ гузаштае буд. Мо як иштибоҳ мекунем, ки ба гузашта аз нигоҳи имрӯз баҳо медиҳем. "

"ЗАМИНИ ХУРД"

Хуб, биёед, рӯи як мисоли оддӣ сӯҳбат кунем. Нависандаҳо аз номи Леонид Илич Брежнев се китобе навишта буданд, ки ҳар мактаббача мебоист, онҳоро хонад ва донад. Имрӯз баъзеҳо аз номи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ҳамин гуна асар менависанд. Оё ин ҷо монандие ҳаст?

Комёб Ҷалилов (Механдад): "Монанд ҳам бошанд, ки дар шароити имрӯза мумкин ки ҳамин лозим аст. Баъзан мешавад, мегӯянд ку, ҳар як воқеъаи таърихӣ баъд аз 50 сол ҷои муайяне мегирад. Масалан, Брежнев он қадар коре накарда буд, ки чаҳор бор қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шавад. Ҳатто латифае сохта буданд, ки пеши бари Брежнев пур шуд, акнун орденҳоро ба пушташ мечаспонанд. Ҳар як замоне вижагиҳои худашро дорад."

Аммо барои мо, ки имрӯз, дар ин давра зиндагӣ мекунем, гузашта чӣ аҳамият дорад?

Комёб Ҷалилов: "Гузашта як мактаби ибрат аст. Мусбатҳои онро бояд гирифт. Давраи Брежнев бисёр чизҳои мусбат дошт, ки Ғарб онҳоро гирифта, рушд ёфт, вале худи шӯравӣ шикаст хӯрд."

Ташаккур, Комёб Ҷалилов, коршиноси Маркази пажӯҳишҳои стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва назари ӯ ба гузашта ва таърих зимни ёдбуди даврони брежневӣ. Ва боз як нукта дар бораи таърих. Тавре гуфтем, Руминия гузаштаи коммунистии худро ба таври комил ва қотеъ маҳкум кард. Ҷумҳурии Чек дар соли 1993 ҳукумати коммунистии худро рад кард ва қонуни люстратсия, яъне ба идораи давлат роҳ надодани коммунистони собиқро ба тасвиб расонд. Булғористон бархе аз барномаҳои ҳукумати гузашта ва Украин гуруснагии соли 1930-ро ҳамчун хиёнати давлати сталинӣ дар баробари мардуми худ маҳкум карданд. Эҳтимол меравад, ин фароянд дар кишварҳои пасошӯравӣ идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG