Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲАЛҚАИ НАХУСТИН


Душанбе ба шаҳр монанд нест. Мисли як қишлоқи калон аст. ягон кӯчаи пиёдагарде надорад. Худо накарда барф ё борон борад, аҳволи пиёдагардон хароб мешавад. Сели калонтаре ояд нисфи Душанбе таи об мемонад, аввал бояд ин камбудиҳоро нест кард ва баъд дар бораи генплану ҳалқаҳо фикр кард!!


Сохтани ҳалқароҳ ва шоҳроҳҳо дар шаҳр падидаи ҷадид нест. Агар шаҳрдории Душанбе дар сохтани ҳалқароҳ зарурате мебинад, бояд ин масъаларо ҳамаҷониба омӯхта бо ҳама тайёриҳои зарурӣ ба кор шурӯъ кунад. Вагарна кам нестанд воқеъаҳое, ки баъди оғози кор "маблағ намерасад".


Салом Радиои Озодӣ,

Барои нағзтар шинос шудан бо ин мавзӯъ, хуб мешуд агар ба ин сито намунаи плани генералии Душанберо ба мо тасвир медодед. Пасон фикрҳоямонро метавон хубтар баён кард. Зеро баъзе чизҳоро, хусусан агар шаҳрсозӣ бошад, инсон, ки аз сатҳи чашмаш фақат тавонист дид, ин чизҳоро дарк карданаш душвор. Шаҳрҳо таррақӣ меёбанд, баъзан чаппа кардан лозим ва баъзан бунёд. Душанбе шаҳри ӌавон аст, нуфусаш ҳам зиёд мешавад. Сармоягузоронро ӌалб кардан лозим, зеро то ҳол қуввати худамон намерасад. Аз он аст, ки сабабҳои ӌалбкунанда лозим. Ман барои чаппа кардану бунёдкардани биноҳои нав норозигӣ надорам.

Душанберо дар шакли будааш дӯст медорам. Зеби Душанбе дар он аст ки худро дар зери чанорҳои қоматбалад ба ӌо мекунад. Боре аз Googlearth тамошо кунед, ки шаҳрҳои мо чӣ хел сабзанд. Дар шаҳрҳои таррақикардаи ӌаҳон ҳукуматҳои шаҳр пеш аз оне, ки ба қароре муҳиме ки ба ҳаёти аҳолӣ таъсир мерасонад ба шакли оммавӣ хабар мерасонад, то ки аҳолӣ ба ҳукумати шаҳрсозӣ омада, бо проектҳо ва пешниҳодҳои нави шаҳр шинос шуда фикри худро баён кунад. Дар мавриде, ки эътирозҳо зиёд бошанд, пешниҳод аз сари нав бояд кор хўрад. Баъзан кўтоҳбинии халқ сабабе мешавад то гапи он гўш карда нашавад, аммо дар он маврид муаллифони лоиҳа ва аҳолӣ байни худ бояд баҳс кунанд. Халқ шоҳиди ин баҳс бояд шавад. Он замон халқ ҳам фурсате меёбад, то фаҳмише хубе двр бораи лоиҳат пайдо намояд. Пасон шояд эътирозҳо камтар ё баръакс зиёдтар шавад. Чунин барномаҳои бузург барои фоидаи ояндаи шаҳр ва истиқоматкунандагони он аст. Аммо аҳолӣ бояд онҳоро хуб дарк кунад ва фаҳмад, вагарна ҳукумат аз боварии ҳалқ маҳруми хоҳад шуд.

Меъмор
XS
SM
MD
LG