Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди ҳалқаи нахустин дар Душанбе


Пиёдасозии Тарҳи нави генералии Душанбе ва оғози корҳои бунёдӣ дар ҳалқаи нахустини пойтахт дар як ҷаласаи машваратии шаҳрдории Душанбе рӯзи сешанбеи 19 декабр баррасӣ шудаанд.


Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ниҳодҳои марбути шаҳрдориро муваззаф сохтааст, то манзилҳои истиқоматии ҳудуди ҳалқаи аввали пойтахтро ҷиддан ба қайд бигиранд. Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, миёни сокинони ин маҳаллот корҳои огаҳнамоӣ гузаронида шавад, то дар рӯзҳои наздик аз сохтмонҳо худдорӣ варзанд.


Ва аммо дар ин ҳалқаи нахустини пойтахт биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мешудаанд. Шаҳрдорӣ гуфтааст, ин биноҳо баъдан бон архи дастрас ба аҳолӣ фурӯхта хоҳад шуд. Ва аммо барои хонаводаҳое, ки манзилҳои истиқоматияшон дар ҳудуди ин ҳалқа омадаанд, дар маҳаллаи Ховарони пойтахт замин ҷудо мешудааст.
XS
SM
MD
LG