Пайвандҳои дастрасӣ

Домоди Назарбоев - соҳиби дастаи футболи аврупоӣ?


Тибқи иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, Роҳат Алиев -муовини аввали вазири хориҷаи Қазоқистон ва домоди раиси ҷумҳури кишвар, ки ҳамзамон сарварии федератсиюни футболи Қазоқистонро бар дӯш дорад, дастаи Экселсиор Мукрони Белгияро ба маблағи 9 миллион евро мехарад.


Шабакаи телевизионии Белгия хабар додааст, дар ин маврид тавофуқномаи қаблӣ байни Жан Пйер Детмейри – шаҳрдори Мукрон ва Роҳат Алиев ҳосил шудааст. Раҳбарияти даста гуфтааст, ки бо ин роҳ Эксел мушкилоти молии хешро ҳал мекунад. Ва аммо Роҳат Алиев таъкид кардааст, ки ин қарордод ба инкишофи футболи Қазоқистон таъсири мусбат мерасонад. Зеро дар Белгия барои бозигарони хориҷӣ маҳдудият мавҷуд нест ва ҳатто метавон дастаро дар ин кишвар пурра аз ҷумлаи футболбозони хориҷӣ ташкил дод. Аз ин рӯ, беҳтарин футболбозони дастаи миллии Қазоқистон метавонанд дар оянда дар ин даста бозӣ карда маҳорати хешро боло баранд, гуфтааст Роҳат Алиев. Ва аммо дар ҳоли ҳозир, ягон футболбози қазоқ дар дастаҳои Аврупои ғарбӣ бозӣ намекардаанд.


Дастаи Экселсиори Мукрон дар лигаи олии Белгия дар мақоми даҳум қарор дорад. Роҳат Алиев гуфтааст, Экселсиор танҳо дастаи Аврупо нахоҳад буд, ки онҳо харидорӣ доранд. Дар сурати имзои ин қарордод, Роҳат Алиев нахустин бозаргони қазоқ хоҳад буд, ки соҳиби дастаи футболи хориҷӣ хоҳад шуд.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG