Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таваҷҷӯҳи ниҳоди масъули СММ ба вазъи зиндонҳои Тоҷикистон


Кумитаи мубориза бо шиканҷаи Созмони милалли муттаҳид ба манзури коҳиш ва маҳви шиканҷаи афрод дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Тоҷикистон пешниҳодоти худро ба давлати ин кишвар ироа кардааст. Бар асоси ин пешниҳодот давлати Тоҷикистон ба ҳайси узви Созмони миллали Мутаҳид муваззаф шудааст, ки дар қадами аввал дар қонунгузории худ мафҳуми шиканҷаро бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ созад.


Зеро дар қавонини кайфарӣ ва мурофиавии Тоҷикистон ин мафҳум ба таври мушаххас ва дақиқ зикр нашудааст. Қаҳрамон Сангинов - ҳуқуқдон аз созмони ғайридавлатии мавсум ба «Дафтари ҳуқуқи Башар» ва яке аз муаллифони гузориши алтернативӣ дар мавриди истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, ки дар бештари маворид ходимони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар афроди боздоштшударо тавассути шиканҷа ва зӯрӣ маҷбур ба эътирофи гуноҳ мекунанд.


Кумитаи мубориза бо шиканҷаи Созмони Миллал аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки барои вориди зиндонҳо шудани намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ташкили дидору мулоқоти онҳо бо маҳбусон мусойидат кунад. Зеро ин ҳам як роҳе аст, ки бар коҳиши бадрафторӣ ва шиканҷа дар маҳбасҳо мусоидат мекунад. Дар шумори тавсияҳои Созмони Милал ҷиҳати маҳви шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон баргузории давраҳои омӯзишӣ ба ходимони идораи зиндонҳо низ таъкид шудааст.


Аммо дар ин миён набуди ҳайати алтарнетивии табибон барои муоъинаи афроди муттаҳам ва таҳти пурсиш қарор гирифта дар боздоштгоҳ ва маҳкамаҳоро Созмони миллал интиқод карда ва танҳо тавассути табибони давлатӣ муоина кардани зиндониёнро нокофӣ хондааст.


Дар моҳи гузашта дар як нишаст дар шаҳри Женева- пойтахти Суид -мақарри Кумитаи мубориза бо шиканҷаи СММ бо ширкати масъулини давлати Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатии ин кишвар гузориши миллии давлати Тоҷикистон ва ҳамчунин гузориши алтернативии созмонҳои ғайридавлатии ин кишвар доир ба вуҷуди шиканҷа мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Бар пояи иттиллои манобеъи наздик ба Додгоҳи Олӣ ва вазорати адлияи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир тарҳи тозаи Қонуни кайфарии ин кишвар дар ҳоли таҳия шудан аст, ки бештари пешниҳодоти Созмони миллал дар он инъикос хоҳад ёфт.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG