Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи мавсими зимистонаи театрӣ дар Душанбе


Дар мавриде, ки дар минтақаҳои дури Тоҷикистон атфол дар мавсими сармо азоби алими бебарқӣ мекашанд, дар Душанбе, пойтахти кишвар мавсими зимистонаи театрӣ барои хурдсолон ва наврасон шурӯъ шуд, ки 30 рӯз давом мекунад.

Шурӯъ аз рӯзи сешанбеи 19 декабр дарҳои чаҳор театри пойтахт ба рӯи атфол боз шуданд. Дар театри русии ба номи Маяковский нахустнамоиши «Винни Пух ва дӯстони ӯ» баргузор гардид. Театри лӯхтак барои атфол ду намоишномаи русӣ - «Мормоҳӣ» ва «Чӯҷаи заррин» ва яки дигар саҳнае бо забони тоҷикӣ бо унвони «Маликаи Шӯх»- ро таҳия кардааст. Театри опера ва балети пойтахт бо намоиши саҳнаҳои русӣ иктифо кардааст. Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи масъулин ин театр тасмим гирифтааст, ки бо забони расмии давлатӣ ҳам намошиномаҳо таҳия кунад.

Дар ин миён, театрҳои тоҷикӣ низ дар мавсими замистонаи театрӣ чанд номгӯй намоишномаҳоро пешкаши атфол мекунанд. Нуруллоҳи Абдуллоҳ, муовини раиси Иттиҳоди арбобони театри тоҷик мегӯяд : «Ҳамаи театрҳо бидуни намошномаҳо дар толору даромадгоҳҳои театр арчаҳо оростаанд ва тамоми труппаи театрӣ бо либоси афсонавӣ бинандаи хурдсолро интизоранд»

Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаҳои «Афсонаи солинавӣ» ва «Найрангҳои Афандӣ»-ро пешкаши кӯдакон кард.

Қабл аз шурӯъи ҳар намоишнома дар толор ва даромадгоҳи ҳамаи театрҳои пойтахт Арчаи Солинавӣ, Бобои Барфӣ, Барфак ва ҳатман Аҷузаву ёварони бадкори ӯ атфолро интизоранд, ки ба тантанаҳои идона ҷомаи ҳазлу мутояба мепӯшонанд. Нархи билет ба ин намоишномаҳо то 5 сомонӣ аст.
XS
SM
MD
LG