Пайвандҳои дастрасӣ

Давраи тилоӣ ё рукуду маҳбас?


Салом, ҳамватанон! Як чизро мехоҳам зикр кунам, ки ҳар як миллат дорои фарҳанг, забон ва дин аст. Дар даврони Шӯравӣ, хосатан, дар даври Брежнев ин се дороии миллати тоҷик қадр намешуд ва рӯ ба нестӣ дошт. Вале сарфи назар намекунем, ки дар ин давра шароити мардум хуб буд, вале он кофӣ буда наметавонад. Пас он ҳолат ҳасрат шуда метавонад?

Аммо дар мавриди тафовути мардум, он касе ки пуштбонӣ мекард, фақат ба хотири мансаб буд ва аз фарҳангу забон ва дини худ огаҳ набуданд. Як суол дар ин маврид, чаро онҳое, ки даъвои коммунистӣ мекарданд, баъд аз байн рафтани Шӯравӣ номи ҳизби худро иваз карданд ва феълан, даъвои демократия мекунанд? Ба фикрам, ҷавобаш возеҳ аст.Ташаккур.
Аҳмад
_________________________

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеҷ назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG