Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синдроми хурӯс


Аз силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло

Ташхис-ул-латифа. Лутфи IV.

Синдроми хурӯс


Салом, шунавандаи арҷманди ман. Аслан бар онам, ки вақти бештаре дар даст дошта бошам ва сӯҳбати ширине аз боби лутфи латоиф, ки аз гузаштагон барои мо мерос мондааст, бо ҳам дошта бошем. Бо назари ташхис на танҳо бар латоиф, балки ба ботини инсон бингарем ва фарқи дирӯзу имрӯзро муайян созем.

Ба масал, ҳеҷ пай бурдаӣ, ҳар куҷо роҳбаре, курсинишине ҳаст бо вуҷуди пулдорӣ ва шикамғафсӣ ҳамеша ба беморие гирифтор аст ва бештар бо ранги зарду гардани борики аз вазни калла ба як сӯ хамзада мегардад. Аксар вақт ин ранги зард аз он сар мезанад, ки ҳар роҳбар ба худ роҳбаре дорад ва ҳар курсинишине бояд ба тахтнишине итоат намояд. Яъне, агар вай раҳбари идора бошад, пас, вазире дорад, ки баъзан ӯро ба рӯйи гилеми худ даъват мекунад ва вазир низ дар навбати худ бояд ба касе ҳисобот диҳад. Ана, ҳамин даъвати сардор соат, рӯз, моҳ ва ҳатто соли умри бисёриҳоро кӯтоҳ мекунад.


Аз силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло:

Лутфи 1. Ҳикмати латифа

Лутфи 2. Танқиди адабӣ ё таҳлили "Имрӯз, шумо чӣ хӯрдед?"

Лутфи 3. Мардума шӯр бдозу бху бгард


Мегӯянд, ки Сталин баъзан ҳазл карданӣ шуда, аз ягон раҳбар мепурсидааст: «Саломатӣ чӣ хел?». Он роҳбар дар давоми се рӯз дилкаф шуда мемурдааст. Аз афташ Иосиф Виссарионович аз ҳоли Абуаюб хабар доштааст.

Абуаюб аз муқаррибону надимони Мансури халифа буд. Ҳар гоҳ Мансур ӯро талабидӣ, рангаш зард шудию ларза ба андомаш афтодӣ. Рӯзе маҳраме ӯро дар хилват гуфт:
-Ту муқаррабу мусоҳиби халифаӣ ва пеши ӯ касе ба қурби ту нест. Сабаб чист, ки ҳар гоҳ туро даъват мекунад, ту аз тарс дасту по гум мекунӣ?
Абуаюб дар ҷавоб латифае гуфт:
-Бозе аз хурӯсе пурсид, ки ту аз хурдӣ дар хонаи бани одам ҳастӣ ва эшон бо дасти худ обу донаи ту муҳайё мекунанду барои ту паҳлӯи хонаи худ лона месозанд. Ҷиҳат чист, ки ҳар гоҳ мехоҳанд туро бигиранд, ғавғою фитна меангезию аз ин хона ба он хона ва аз ин бом ба он бом мегурезӣ? Ва ман мурғе ваҳшияму дар кӯҳсор бузург мешавам. Чун мардум маро сайд кунанд, бар сари дасти эшон ором гирам ва чун маро аз пайи сайд фиристанд, бо он ки фориғбол парвоз менамоям, сайдро гирифта ба хидмат бозмеояму ҳаргиз арбадаю ғавғо намекунам.
Хурӯс гуфт: - Эй боз, ҳаргиз ҳеҷ ҷой дидаӣ ва ё аз ҳеҷ кас шунидаӣ, ки бозеро бар сих кашида бошанду бар оташ гардонида.
-На,- гуфт боз.
Хурӯс гуфт: - Аз он рӯзе, ки ман дар ин хонаам ва нек аз бад бозмедонам, сад хурӯсро дидаам, ки сар буридаасту болу пар канда, шиками онро шикофта бар сих кашидаанду кабоб карда хӯрдаанд. Навҳаю фарёди маро ҷиҳат ин аст ва аз ин ҷиҳат хотирам маҷрӯҳу дилам андӯҳгин аст.


Акнун фаҳмидед, чаро роҳбарони мо синни нафақаро ба 64-65 баровардаанд. Чунки медонанд, худашон ба ин синну сол намерасанд. Дар роҳ дилкаф мешаванд. Ба ақидаи ман, онҳо гирифтори беморие мегарданд, ки онро «Синдроми хурӯс» номидан мумкин аст. Хуш бошед!
XS
SM
MD
LG