Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA 5 зина поин шуд


Тими миллии Тоҷикистон дар рейтинги моҳи декабр бо 190 имтиёз 5 зина поинтар - ба ҷойгоҳи 124-ум фуромад.
Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон 11 зина, аз Қирғизистон 15 зина ва аз Туркманистон 21 зина болотар, вале нисбат ба Узбакистон 79 зина поинтар ҷойгир шудааст.
Ирон, ки беҳтарин тими миллии қораи Осиё маҳсуб мешавад, бо 716 имтиёз мавқеъашро дар ҷойгоҳи 38-ум нигаҳ доштааст. Австралия бо 703 имтиёз пас аз Ирон дар мақоми 39-ум қарор гирифтааст. Узбакистон, ки дар Осиё севвум аст, дар рейтинги нави FIFA бо 645 имтиёз мисли пешин дар ҷойгоҳи 45-ум мебошад.
Бразилия бо 1588 имтиёз миёни 206 кишвари ҷаҳон дар мақоми нахуст аст. Италия бо 1560 имтиёз дар мақоми дуввум, Аргентина бо 1551 имтиёз дар мақоми севвум, Фаронса бо 1523 имтиёз дар мақоми чаҳорум, Инглистон бо 1359 имтиёз дар мақоми панҷум қарор гирифтаанд. Ҳамчунин миёни даҳ тими беҳтарини дунё Олмон (1350 имтиёз), Ҳолланд (1305), Португалия (1258), Нигерия (1244) ва Ҷумҳурии Чех (1190) ҷойгир шудаанд.
Миёни дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Укроин аввал аст ва дар рейтинги нави FIFA дар мақоми 13-ум қарор гирифтааст. Русия як зина болотар - ба ҷойгоҳи 22-юм баромадааст. Тоҷикистон миёни кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик дар ҷойгоҳи ёздаҳум қарор гирифта, аз тимҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон пеш гузаштааст.
XS
SM
MD
LG