Пайвандҳои дастрасӣ

Заминшиноси тоҷик қадр дорад?


Аммо ҳоло ин орзу - орзуи ҳамсоли ман буда наметавонад. Ин танҳо орзуи Мансур Ҷӯраев ва ҳамсолони вай буд, ки ҷомаи амал пӯшид, вале дер давом накард. Мансур Ҷӯраев, саргеологи ҷустуҷӯии ҷанубии Тоҷикистон чил сол мешавад, ки асрори замину кӯҳҳо ва гилу обҳои кишвари худро ҷустуҷӯ мекунад. Вай ҳоло бознишаста аст, аммо ҳанӯз кор мекунад. Зеро, мегӯяд ӯ, ҷойнишине надорад, яъне кадрҳои ҷавон намерасанд. Ба гуфтаи Мансур Ҷӯраев ҳанӯз ҳам дар идораи геология ё заминшиносии тоҷик ҳамсолони шӯравии вай фаъолият доранд ва онҳое, ки бо умеди геолог шудан таҳсил мекунанд, арзанда набудаанд.

Мансур Ҷӯраев: «Бисёр одамоне барои хондан ба мактаби геологҳо дохил мешаванд, ки барои ин ин соҳа шахсияти бегона ҳастанд. Онҳо фақат соҳиби диплом шудан мехоҳанду халос. Ин хелаш бисёр. Ман бисёр мехостам, ки вақте ба ин роҳ омаданд, бояд геологи воқеӣ шаванд ва саҳми худро дар инкишофи ин соҳа бигузоранд, ба мардум хидмат кунанд».

Раҷабалӣ Ҳамдамов, муовини садорати факултаи геологияи донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мегӯяд, имсол ҳудуди яксаду бист нафарро барои омӯзиш қабул кардаанд. Бар асоси гуфтаи вай, ҳоло панҷсаду ҳабдаҳ нафар ҷавони тоҷик дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавии ин факулта таҳсил доранд. Ба суоли он ки оё ин донишомӯзон барои корхонаҳои саноатию мадании кишвар заруранд ва пас аз хатми мактаб ҷойи кори хубе дарёб карда метавонанд? Оқои Ҳамдамов гуфт, ҳамкории онҳо бо вазорати саноати Тоҷикистон дуруст ба роҳ монда шудааст ва имкони таъмини донишомӯзон бо ҷойи кор мавҷуд аст. Аммо ба қавли ӯ, дар аксар маврид маоши ками корхонаҳо барои фаъолияти аксари донишомӯзон монеъ шудааст.

Раҷабалӣ Ҳамдамов: «Мо аввалан мутахассисонро бо малакаю дониши хуб омода мекунем ва аз сад фисаде, ки мактаби моро хатм мекунанд, ҳамагӣ чил дарсад соҳиби ҷойи кор мешаванд. Зеро ба ин қадар кадрҳои ҷавон ҷойи кор ҳаст ва онҳо низ соҳиби дониши хубанд».

Ҳамчунин геологҳои ояндаи тоҷик гуфтанд, бо маоши кам кор кардан намехоҳанд. Аммо як ҳамсӯҳбати геологшавандаам гуфт, агарчӣ хоҳиши кор кардан дар пажӯҳишгоҳу саридораи геологияи тоҷикро надорад, бисёр мехоҳад кашшофи конҳои тиллову гозу нафти диёри кӯҳистони худ бошад.
XS
SM
MD
LG