Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти хабарнигори қазоқ


Дар Алмаато рӯзи шанбе Азамат Четписбоев, хабарнигори бахши қазоқии родиои Озодӣ дар Қирғизистон аз ҷониби пулис боздошт гардид. Тибқи хабарҳо, вай чанд рӯз қабл аз Бишкек, ки дар он ҷо чун паноҳанда ба сар мебурд, ба Алмаато, ба конфронси байналмилалӣ бахшида ба демократия омад ва дар ин ҳамоиш суханронӣ кард.


Алихон Рамазонов- раиси кумитаи созмондеҳи бахши алматоии Ҳизби демократии Алға ба родиои Озодӣ гуфт, ки 3 рӯз аст, дар бораи Азамат иттилоъ ба даст оварда наметавонанд: «Касе намедонад, Азамат дар куҷост, пулиси молӣ мегӯяд, ки дар ин ҷо нест, боздоштгоҳи муваққатӣ низ дар он ҷо будани Азаматро рад мекунад, ягон иттилоъ намедиҳанд.»


Баъд аз конфронс кормандони пулиси молӣ ўро бо иттиҳоми гӯё даст доштан дар хисороти молӣ ҳангоми интихоботи соли гузашта боздошт кардаанд. Вале намояндаи Ҳизби демократии Алға бар он аст, ки ин боздошт ангезаи сиёсй дорад. Четписбоеву Муҳамбет Абҷон, сарварони созмони ҷамъиятии Иттиҳоди ҷавонони ватанпарасти Қазоқистон, соли гузашта аз таъқиби ҳокимият ба Бишкек пойтахти Қирғизистон паноҳ бурданд ва Қирғизистон Мухамбет Абҷонро моҳи декабри соли гузашта ба Қазоқистон истирдод карда буд.


Баъдан Муҳамбетро додгоҳи Остона бо ҷурми даст доштан ба хисороти молӣ ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кард ва алъон у дар маҳбас ба сар мебарад. Аммо Азамат Четписбоев, аз моҳи августи соли равон ба ҳайси хабарнигори бахши қазоқии родиои Озодӣ дар Қирғизистон фаъолият дошта, аз он ҷо барои барномаҳои қазоқиву русии родио гузориш медод.

Насибҷон Амонӣ, Алмаато.
XS
SM
MD
LG