Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони панҷакентӣ ба ноҳия 30 миллион доллар ворид кардаанд


ih

Бино бар иттилоъи масъулини Бонки миллӣ дар ноҳияи Панҷакент, муҳоҷирони кории ин ноҳия то нимаи моҳи декабри соли ҷорӣ ҳудуди сад миллион сомонӣ муодил ба 30 миллион доллар ба ноҳия интиқол додаанд.


Амонулло Раҳматуллоев, сарвари шӯъбаи Бонки миллӣ дар Панҷакент гуфт, эътимоди мардум дар чанд соли ахир ба бонкҳо ва низоми интиқоли маболиғ тариқи бонк афзудааст.


Ба тахмини коршиносон, аз ноҳияи Панҷакент беш аз 40.000 нафар дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд ва маблағи дар соли 2006 интиқолнамудаи онҳо аз буҷаи ноҳия ҳашт маротиба бештар будааст. Буҷаи солонаи ноҳияи Панҷакент 11-12 миллион сомониро ташкил медодааст.
Шоҳини Равшан, шаҳри Панҷакент
XS
SM
MD
LG