Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои Осиёӣ: ҷамъбаст ва натиҷаҳо


Умуман, дар Бозиҳои ХУ Осиёӣ варзишгарони 38 кишвари қора ҳамагӣ 1393 медал - 428 тилло, 423 нуқра ва 542 биринҷӣ ба даст оварданд.

Варзишгарони Чин аз ибтидо то интиҳои бозиҳо пешсафиро аз даст надода, соҳиби 316 медал - 165 нишони тилло, 88 нуқра ва 63 биринҷӣ гардиданд. Воқеъан, аз 9 рекорди ҷаҳонии дар ин бозиҳо гузошташуда ҳафтоаш ба варзишгарзанони Чин мансуб аст. Онҳо дар риштаи вазнбардорӣ 6 рекорд ва дар тирандозӣ як рекорди ҷаҳонӣ гузоштанд. Куриёи Ҷанубӣ бо 193 медал - 58 нишони тилло, 53 нуқра ва 82 биринҷӣ дар мақоми дуввум қарор гирифт. Ҷопон нисбат ба Куриёи Ҷанубӣ 5 медал бештар ба даст овард (198), вале шумори нишони тиллояш нисбат ба рақиби аслиаш 8 адад камтар аст (50), бинобар ин дар зинаи севвум ҷойгир шуд.
Қазоқистон, ки ҳамагӣ 85 медал - 23 нишони тилло, 19 нуқра ва 43 биринҷӣ гирифт, ҷойи чаҳорумро касб кард. Тайланд бо 54 медал - 13 нишони тилло, 15 нуқра ва 26 биринҷӣ дар зинаи панҷум мавқеъ дорад.
Дар байни даҳ кишвари беҳтарини қора, ҳамчунин Ирон, Узбакистон, Ҳиндустон, Қатар ва Тайван ҷойгир шуданд. Ирон бо 48 медал - 11 тилло, 15 нуқра ва 22 биринҷӣ ҷойи шашум ва Узбакистон бо 39 медал - 11 тилло, 14 нуқра ва 14 биринҷӣ ҷойи ҳафтумро ишғол карданд.

Тоҷикистон дар ин бозиҳо бо касби ду медали тилло ва ду нишони биринҷӣ аз 21 кишвари қора пеш гузашта, дар мақоми 24-ум қарор гирифт.
Тоҷикистон, минҷумла аз давлатҳои Осиёи Марказӣ - аз Қирғизистон чаҳор зина, аз Туркманистон нӯҳ зина ва аз Афғонистон 12 зина болотар ҷой гирифтааст. Қирғизистон бо 8 медал - 2 нуқра ва 6 биринҷӣ ҷойи 28-ум, Туркманистон бо як медали нуқра ҷойи 33-юм ва Афғонистон бо як медали биринҷӣ ҷойи 36-умро соҳиб шуданд.
Вале Тоҷикистон нисбат ба ду кишвари дигари ин минтақа - Қазоқистон 20 зина ва Узбакистон 17 зина поинтар мебошад.

Наргис Набиева, ноиби раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт: «Варзишгарони мо аввалин бор дар Бозиҳои Осиёӣ медалҳои тилло ба даст оварданд. Ёдовар мешавам, Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 43 сантиметр ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 81 килограмм ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Расул Боқиев дар риштаи гуштии дзюдо дар вазни то 73 килограмм ва Шокирҷон Раҷабов дар риштаи таэквон-до дар вазни то 84 килограмм соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.»

Умуман, намояндагони Тоҷикистон дар чаҳор давраи Бозиҳои Осиёӣ, аз соли 1994 то инҷониб ҳамагӣ 12 медал - 2 тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Ҳайъати варзишии Тоҷикистон аз Қатар ба шаҳри Душанбе рӯзи сешанбеи 19 декабр бармегардад.
XS
SM
MD
LG