Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамос интихоботи зудраси Фаластинро рад мекунад


Сарвазири Фаластин ва намояндаи Ҳамос Исмоил Ҳания мегӯяд, Ҳамос дар интихоботи пешазвақт ширкат нахоҳад кард. Ҳания нутқи президенти маъмурияти худгарони Фаластин, Маҳмуд Аббосро, ки хостори интихоботи зудрас шудааст, рад кард ва онро "таҳрикдиҳанда" номид.


Вай ҳамчунин гуфт, даъват ба интихоботи пешазмӯҳлат зидди қонуни асосист ва дар миёни фаластиниҳо шиддат эҷод мекунад. Маҳмуд Аббос дирӯз гуфт, рақобати миёни Ҳамос ва Фатҳ идораи қаламравҳои фаластиниро имконнопазир кардааст ва танҳо интихоботи пешазвақт метавонад, бӯҳрони сиёсиро ҳал кунад. Сарони Ҳамос дафъатан ин пешниҳодро рад ва Аббосро дар талоши табаддулоти давлатӣ айбдор карданд.


Рӯзи якшанбе дар натиҷаи ҳамла ба тамрингоҳи горди президентӣ як муҳофизи Аббос кушта ва 15 тани дигар захмӣ шудаанд. Тибқи охирин хабар, имрӯз мусаллаҳони номаълум мошини вазири корҳои хориҷии фаластиниҳо, узви Ҳамос, Маҳмуд Ал-Заҳарро тирборон кардаанд. Аз талафот хабаре нарасидааст.
XS
SM
MD
LG