Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи муҳоҷирон дар Русия сар аз соли нав бадтар хоҳад шуд


Сарони ду ҷомеъаи тоҷикони Русия мегӯянд, бо назардошти қонунҳои нави Русия вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бадтар хоҳад шуд. Раиси ҷамъияти мардумии "Тоҷикони Русия" Кароматулло Шарифов ва сарвари ҷомеъаи тоҷикони Санкт-Петербург, Назари Мирзода, ба радиои Озодӣ гуфтанд, нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфта, тибқи қонунҳои нав сар аз 15-уми январи соли 2007 ихроҷи онҳо аз Русия мумкин аст, шакли оммавӣ пайдо кунад. Дар ҳоли ҳозир, гуфтанд онҳо, бо вуҷуди мушкилиҳои рӯзафзун, шумораи онҳо дар Русия афзоиш меёбад.


Дар ҳамин ҳол Хадамоти муҳоҷирати Русия рӯзи якшанбе хабар дод, ки дар бозорҳои ҷанубу ғарби Маскав як тафтиши ногаҳонӣ анҷом дода, зиёда аз 40 нафарро боздошт кардааст, ки шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Молдова будаанд. Залина Масавӣ, раиси дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Маскав, ба хабарнигорон гуфт, ин афрод барои он боздошт шуданд, ки иҷозаи кори фурӯшандагӣ надоштанд. Аммо гуфта мешавад, аксари боздоштшудагон дар ин бозорҳо ҳаммолӣ мекардаанд. Масавӣ афзуд, ҳоло боздоштшудагон дар ҳабс ба сар мебаранд ва парвандаи онҳо ба додгоҳ супурда мешавад. Бархе аз онҳо бо ҷарима раҳо шуда, бархи дигар аз Русия ронда мешаванд ва барои 5 сол ҳаққи вуруд ба Русияро нахоҳанд дошт.
Тибқи қарорҳои нави ҳукумати Русия, сар аз соли оянда ширкати муҳоҷирон дар савдои чакана манъ хоҳад шуд.


18-уми декабр бо қарори Маҷмаъи умумии СММ Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон эълон шудааст. Имсол ин маърака ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва густариши дониши онҳо дар бораи HIV/AIDS ва ё СПИД бахшида шудааст. Дар Маскав рӯзи душанбе як конфарсоне доир мешавад, ки дар он вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мавриди баҳс қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG