Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои таркиш маҳалҳои атрофи Сангтӯдаро такон дод


Бароти Юсуфӣ (Аксҳо) Cалими Аюбзод Ва ин таркиш маҷрои рӯди Вахшро дигар кард, то дар бистари хушкидаи дарё нирӯгоҳи барқи обӣ сохта шавад. Бо орзуи он ки як рӯзе мардум аз камбуди нирӯи барқ батамом раҳо шаванд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар расми баста ва ба самти дигар гардонда шудани маҷрои рӯдхонаи Вахш ширкат кард ва онро қадаме дар ҷодам истиқлолияти инержии кишвар номид. Дар ин маросим ҳамчунин раиси Ширкати воҳиди инержии Русия Анатолий Чубайс суханронӣ кард. Таври маълум ин ниҳоди давлатии Русия аз сармоягузорони асосии сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда ва молики 75 %-и саҳмияҳои он мебошад.

Дар лаҳзаҳое ки ин расм ҷараён мегирифт, бо яке аз мушоҳидгарони он, коршиноси маҳаллӣ Солеҳи Сафарзода бо истифода аз телефони ҳамроҳ дар тамос шудам ва аз ӯ пурсидам, бардошти куллияш аз воқеъа чист?

Солеҳи Сафарзода: "Бовар кунед, дар ин ҳавои хунук суханони президент дили мардумро ба оянда гарм карданд. Ҳама медонем, ки мардум имрӯзҳо аз бебарқӣ машаққат мекашад. Ва дар ин ҷо гуфта шуд, нирӯгоҳи Сангтӯдаи Як хеле зудтар аз мӯҳлати тарҳрезишуда сохта хоҳад шуд ва рӯзе хоҳад расид, ки мардуми Тоҷикистон имрӯзҳо, яъне маҳрумияту маҳдудиятҳоро мисли як афсона ба ёд орад ва насли ҷавон ба ин хотираҳо бовар накунад. Мо ҳама ин ҷо хеле ва хеле шодем ва умед дорем, ҳамин гуна хоҳад шуд. Оқои Чубайс ҳам суханони хуб гуфтанд ва аз ҳама муҳимаш суханони ҳамаи онҳо хеле боварибахш ва умедворкунанда буданд."

Ташаккур, Солеҳ Сафарзода, ҷомеъашиноси тоҷик ва ширкаткунандаи расми шурӯъи марҳилаи нав дар бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда. Албатта, худи ҷаноби Сафарзода низ ӯ зикр карданд, ки таҳти ҳаяҷони ин тантана қарор доранд ва аз ин ҷост назарашон хеле мусбат аст, ҳарчанд инро ҳам метавон аз сӯҳбатҳои он кас фаҳмид, ки аз машаққати мардум дар бебарқӣ ва сардию торикиҳо нороҳатанд. Вале агар бе ягон эҳсос ба ин рӯйдод нигарем, чро метавон дид?

Аз Ғуломиддин Сайфиддинов, мутахассиси собиқадори риштаи барқи Тоҷикистон пурсидам, оё қатъи ҷараёни барқ дар бастани маҷрои Вахш, ки ба машаққати мардум афзуд, як зарурати фаннӣ ва гурезнопазир буд?

"На, зиёд зарурат надошт ин иқдом. Роҳи осонтар ин буд, ки партофтани об ва ҷамъ кардани дубораи он барои осонии кор дар Сангтӯда бо истифода аз Бойғозӣ ба амал ояд. вале ҳеч кас машварати мутахассисони маҳаллиро ба назар нагирифт ва дар натиҷа мардум азият мекашанд. Сабаб дар он аст, ки дар ҳукумати Тоҷикистон як низоми муайян нест ва андешаву пешниҳодҳои хубро гӯши шунавову чашми бино нест. Магар ин дуруст аст, ки то ҳоло танзими нирӯи барқи Тоҷикистон аз тарафи Ӯзбакистон ба амал меояд. Як марказе вуҷуд дорад дар Ӯзбакистон, ки чӣ қадар ва ба кадом самт тақсим шудани барқи Тоҷикистонро муайян мекунад. Агар нирӯи Норак набошад, низоми барқи Ӯзбакистон дар гардишҳои муайян метавонад, ба садама дучор шавад. Хулоса, кишвар бештар ба дигарон такия мекунад, то ба худ. Ва агар дар оянда нирӯе ки Сангтӯдаи Як тавлид хоҳад кард, дар ихтиёри Тоҷикистон набошад, гумон аст, бунёди ин нирӯгоҳ ба рушди саноати мо ва ҳам баҳам хӯрдани маҳдудияти истифода аз барқ мадад кунад."

Аҷиб аст. Хуб, ташаккур барои ин сӯҳбат, мӯҳтарам Ғуломиддин Сайфиддинов, умедворем, гӯшҳои шунавое ин сӯҳбатро шунида ва чашмони доное ин матнро хонда бошанд. Бояд афзуд, дар тафовут аз нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда, Эрон бо Тоҷикистон қарордод дорад, ки нирӯгоҳи Сангтӯда Дуро месозад ва танҳо 12 соли аввал истифода карда, сипас, пурра дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Дар робита ба Сангтӯда як, яъне нирӯгоҳе ки Ширкати воҳиди инержии Русия сохтанист, маълум нест, ин шарту қайд, яъне тақсими 75 дарсади тавлид ба Русия ва 25 ба Тоҷикистон, оё мӯҳлати муайян ва ё тавре имрӯз мегӯянд "лимит"-е дорад ё на.
XS
SM
MD
LG