Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷрои рӯдхонаи Вахш баста шуд


Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудани маҷрои рӯдхонаи Вахшро гоми муҳим дар роҳи таъмини истиқлолияти инержии ин кишвар арзёбӣ кард.


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ин матлабро рӯзи ҷумъаи 15-уми декабр дар мавзеъи сохтмони истгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 дар маросими баста шудани маҷрои рӯдхонаи Вахш баён дошт.


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба садбандии рӯдхонаи Вахш гуфт сохтмони истгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 Тоҷикистонро ба худкифоии енержӣ наздиктар месозад.


Бо таваҷҷӯҳ ба ин Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард,ки сохтмони ин нерӯгоҳ на соли 2009, он гуна, ки пешбинӣ шудааст, балки як сол пештар соли - 2008 пурра анҷом меёбад.


Анатолий Чубайс Раҳбари Ширкати шабакаҳои воҳиди барқрасонии Русия,ки дар канори раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон садбандии маҷрои рӯдхонаи Вахшро мушоҳида менамуд,гуфт имконоти лозим мавҷуд аст,ки нерӯгоҳи Сангтӯда-1 пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шавад.
XS
SM
MD
LG