Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини раисони нави додгоҳҳои олӣ ва конститутсионии Тоҷикистон


Дар идомаи сиёсати ташкили кобинаи нави Ҳукумати Тоҷикистон 15 -декабр бо фармони раиси ҷумҳурии ин кишвар Ҳизбуллоҳ Хоҷаев аз мақоми Раиси додгоҳи олии Тоҷикистон сабукдӯш шуд.


Ҳамзамон тибқи фармони дигари Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев раиси ҷадиди Додгоҳи олии Тоҷикистон таъйин гардид.


Ҳамчунин бо фармони Раис ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Алиев Раиси додгоҳи конститутсионии ин кишвар аз вазифаи хеш барканор ва Ҳизбуллоҳ Хоҷаев собиқ Раиси додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҷои вай Раиси додгоҳи конститутсионӣ таъйин шудааст.


Зариф Алиев собиқ Раиси додгоҳи конститутсионӣ бар асоси фармони тозаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси олии Тоҷикистон ҳамчун мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳур мансуб шуд.


Дар чаҳорчуби судури фармонҳои тоза ҳамчунин Шермаҳмад Шоев мушовири пешини ҳуқуқии Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси олӣ Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG