Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоку хун дар "Хонаи Худо"


ШАБОҲАТҲО ВА ТАФОВУТҲО

1
Дар гузоришҳои соли 1994 гуфта мешавад, наслкушии Руанда решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Гӯё мардуми он таҷрибаи ҳамзистӣ надоштанд, дар байни сулолаҳои минтақаӣ хусумати дерина нуҳуфта буд ва ғайра. Ба ёд биёред, бархе аз навиштаҳоро дар бораи тоҷикон, ки гӯё ҳанӯз миллат нашудаанд ва решаҳои бохтарию суғдию тахорӣ онҳоро аз ҳам ҷудо нигаҳ медорад ва имрӯз онҳо бештар ғармию кӯлобию шимолию ҷанубиянд, то аҳли як миллат.

Муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи Сулҳи Иёлоти Муттаҳида менависанд, ин хулосаҳо, ки гӯё ҷанги Руанда решаҳои деринаи қавмӣ дорад, бепоя мебошанд. Бо вуҷуди он ки мардуми Руанда бархе ба қабилаи тутси ва бархи дигар ба қабилаи ҳуту тааллуқ доштанд, ба як забон ҳарф мезаданд ва тақсимоти қабилаӣ бештар на қавмӣ, балки синфӣ буд ва сабаб дошт, зеро мустамликадорони белгиягӣ солҳои тӯлонӣ намояндагони тутсиро дар сари қудрат нигаҳ дошта, бақияро маҷбур карда буданд, ки ба ин гурӯҳ итоъат кунад. Рей Колдуэл, собиқ муъовини вазири корҳои хориҷии Амрико, ки акнун устоди Пажӯҳишгоҳи сулҳи Амрикост, мегӯяд, бояд ҳамчунин ба решаҳои низоъ нигарист, ба вижа ба он ки ҳокимияти мустамликавӣ ҳамин ҷудоии этникиро бо ҳар роҳ қувват медод ва якеро ба худ наздик гирифта, бар зидди гурӯҳҳои дигар равона мекард. "Ҳамаи ин мероси азими эътирози хафашударо ба миён овард, ки баъдан мавриди бозиҳои сиёсӣ қарор гирифт ва онгуна ки дида шуд, ҳама чизи дигарро пахш кард."

То омадани белгиягиҳо мардуми Руанда чи будани шиносномаро намедонист. Мақомоти мустамликавӣ ба онҳо паспорт доданд ва талаб карданд, дар шиноснома аз куҷо ва аз кадом қабила будани ҳар шахс навишта шавад. Дар солҳои ҷанги Руанда аз рӯи ҳамин аснод ва ё ба сабаби надоштани чунин шиноснома ҳазорон нафар ба қатл расид. Дар оғози солҳои 60-уми садаи гузашта, вақте қабилаи тутси ба андозаи ҷиддӣ қавӣ шуд, тавре аз номи яке аз таҳлилгарон гуфтем, қабилаҳо дигар на қабила, балки синф буданд, синфи дорои тутси ва камбағали ҳуту ва агар ин ё он ҳуту бой мешуд, ба сафи тутсиҳо мепайваст, хулоса, вақте тутсиҳо қавӣ шуданд, соҳибони белгиягии онҳо тасмим гирифтанд, акнун на ба тутсиҳо, балки ҳутуҳо такия кунанд. Ва ҳутуҳо бо истифода аз қудрат ба интиқомгирии ноаён сар карданд, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ расонд.

2
Ҳарчанд ҷангҳои Руанда ва Тоҷикистон ҳарду тақрибан дар як давра ба амал омаданд, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи наслкушӣ дар Руанда иттилоъи кофӣ доранд, вале бархи дигар фақат замоне чизе шунидаанд ва саввумиҳо гумон доранд, ҷанги Руанда ҳанӯз ҳам ба поён нарасидааст.

Президенти феълии Руанда Пол Кагаме ҳафтае пеш дар Лондон гуфт, кишвараш бо ҳар қадам сулҳро тақвият медиҳад ва демократияро гарави пешгирӣ аз ҳама гуна хушунат медонад.
Аммо таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи салтанатии умури байнулмилал дар Лондон, Саола Тайо, ки бо Кагаме як мусоҳиба анҷом дод, мегӯяд, ба назар мерасад, президент масъалаи сулҳро мавриди истисмор қарор додааст: "Ҳукуматдорони имрӯзаи Руанда аҳзоби оппозисюн ва матбуоти мустақилро метарсонанд, ки қадам дониста гузоранд. Журналисте агар мақомотро танқид кард ва ё ба таҳқиқи масъалаҳои ришвату фасод пардохт, зуд айбдор мешавад, ки ҳанӯз аз хун сер нашудааст ва ин қадар зуд қатлиоми соли 1994-ро фаромӯш кардааст. Ин фишорҳо журналистонро ба худсонсурӣ маҷбур мекунанд."

Аз хонуми Тайо мепурсам, оё дуруст аст, ки мардуми Руанда ҳамеша дар ҳароси такрор шудани воқеъаҳои соли 1994 ба сар мебарад ва оё чунин таҳдидҳо дарвоқеъ мавҷуданд:

Саола Тайо: "Бале, ин таҳдид ҳамеша таъкид мешавад ва ҳукумати феълии Руанда низ асосан зери фишори ҳамин хатар амал мекунад. Бархе аз мардум эҳтиёткории ҳукуматро қабул доранд ва мехоҳанд, мамлакат ба оҳистагӣ пеш равад, аммо онҳо аз ҳукумати худ мехоҳанд, пеш аз ҳама чизи дигар тафовутҳои қавмию гурӯҳӣ аз байн бурда шаванд ва мегӯянд, ягона роҳ дар ин самт бунёди ҷомеаи бозу озоди шаҳрвандист. Вале ҳамзамон мардум аз он баҳс мекунанд, ки гоҳе ҳукумат ба таври сунъӣ чунин тавофутҳоро доман мезанад ва ба рӯи шӯълаҳои зери хокистар равған мерезад. Бале, ба фикрам, аксари мардум розиянд, ки таҳдидҳои бозгашт ба гузашта вуҷуд доранд."

Ба гуфтаи Тайо, мақомоти давлат ҳоло бозии наверо кашф карданд, ки онро метавон "демократиябозӣ" номид. Ҳизбҳои сунъии гӯё оппозисюнӣ амал мекунанд, матбуоти гӯё мустақил чоп мешавад ва ғайра, дар ҳоле ки ҳизбҳои воқеъан оппозисюнӣ зери фишоранд ва танҳо як нашрияи ҳақиқатан ҳам оппозисюнӣ вуҷуд дорад, ки ду ҳафта пеш сардабираш бо иттиҳоми тӯҳмат ба ҳабс гирифта шуд.

3
Бо вуҷуди монандиҳои зиёд, таҷрибаи Руанда аз Тоҷикистон фарқ дорад. Пеш аз ҳам бо он ки додгоҳи байнулмилалӣ ва додгоҳҳои мамлакат гунаҳкорони қатлу кушторро муҳокима мекунанд ва ҷазо медиҳанд. Аз ширкаткунандагони ҷанг касе дар ягон мақоми давлатӣ кор намекунад. Ва талоши ҷиддӣ мешавад, таҷрибаи гузашта омӯхта шуда, бо ин роҳ аз такрори он ҷилавгирӣ шавад. Трибунали ҷиноятҳои ҷангии Руандаро Созмони Милали Муттаҳид таъсис додааст, вале президент Кагаме, ки худ аз тутсиҳост, гоҳе ба ҳабсу муҳокимаи гунаҳкорони ҳамқавмаш халал мерасонад.

Аммо бузургтарин фарқ дар он аст, ки президенти вақти Руанда, Ҳабиримана баъд аз имзо кардани созишномаи сулҳ дар садамаи ҳавопаймо кушта шуд. Гуфта мешавад, худи дӯстонаш ҳавопайморо суқут доданд, зеро ин сулҳро намехостанд. Ва президенти нав барои мардум каси то андозае бетараф шумурда мешаваду мавриди боварии онҳост. Ҳукумат бо номи "Качаче" як барномаеро ба роҳ мондааст, ки бояд аз зеҳни ҷомеъа қолабҳои хатаноки Руандаро аз байн барад, дилу зеҳни ҷавононро пок кунад ва захмҳои гузаштаро шифо бахшад.
Тафовути дигари сулҳи Тоҷикистон аз сулҳи Руанда, ки яке бо роҳи тахминиву "худохоҳад" пеш меравад ва дигаре зимни барномаҳои дақиқу илмии ҷилавгирӣ аз такрори таърихи гузашта.
Кадом беҳтар аст, қазоват бо шумо, ҳамнафаси азиз.
XS
SM
MD
LG