Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари минрубони амрикоӣ ба Тоҷикистон


Фиӯз Барот

Як ҳайати мутахассисини низомии Амрико ҷиҳати мусоидат дар роҳи поккории майдонҳои минкоришудашуда дар Тоҷикистон бо ҳамтоёни тоҷики худ дидор ва мулоқот анҷом додааст.


Ҷейн Дан майори фармондеҳи марказии Иёлоти Муттаҳида, мустақар дар Атлантия гуфт ҳайати мазкур аз коршиносон ва низомиёне, ки дар самти поксозии майдонҳои минкоришуда собиқаи кории зиёд доранд иборат аст.

Оқои Дан афзуд, ки ҳадафи онҳо кӯмак ба мақомоти зидахли Тоҷикистон дар амри барчидани минаҳо ва ба истифодаи аҳолӣ қарор додани мавозеъи дар ҳоли ҳозир мамнӯъ мебошад:


«Ҳамчунин дигар созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла сафорати Амрико оид ба гузаронидани амалиёти поксозии минаҳо мусоидат мекунанд аммо дар ин чорабинӣ мо комилан оид ба усулҳои ҷадиди поксозии минаҳо маълумот медиҳем. Зеро дар Тоҷикистон заминҳои минахобонидашуда хеле зиёданд ва фикр мекунам дар инҷо амалиётҳои ҳарчи бештарро бояд созмон дод. Аз ин рӯ мулоқоти мазкур барои беҳбуд ёфтани фаъолият дар самти поксозии минаҳо имконияти зиёдро фароҳам меоварад.»


Тибқи иттилоъи Маркази минрубии Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳҳои безарарсозӣ масоҳати 275 000 метри мураббаъ аз минаҳо поккорӣ шудааст,ки дар натиҷа 1 100 дона мина ва маводи дигари тарканда пайдо ва нобуд карда шудааст.
XS
SM
MD
LG