Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози садбандии рӯдхонаи Вахш


Имрӯз ҷумъа, 15-декабр дар Тоҷикистон баъд аз зуҳр баргузории маросими садбандии рӯди Вахш дар мавзеъи сарбанди ниругоҳи Сангтӯда-1 дар назар гирифта шудааст.


Ҷараёни садбандии дарёро шахсан раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раҳбари ширкати РАО ЕЭС-и Русия Анатолий Чубайс назорат мебаранд.


Дар робита ба садбандии рӯди Вахш дар Тоҷикистон сар аз 13-уми декабри соли равон барқ тибқи реҷаи шадид интиқол меёбад.


Ин дар ҳолест,ки дар пайи чунин тасмим дар баъзе аз навоҳии Тоҷикистон ҳамакнун мушкили бебарқии комил мушоҳада шудааст.


Сохтмони ниругоҳи Сангтӯда-1 лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Русия буда, 75 фисади саҳмияи он ба ширкати РАО ЕЭС-и Русия мансуб аст.


Ҳисоб шудааст,ки барои пурра мавриди истифода қарор гирифтани Сангтӯда-1 қариб ним миллиард доллари амрикоӣ бояд масраф шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG