Пайвандҳои дастрасӣ

Оё ин як бӯҳрони инержист?


Бо салом ба ҳамагӣ.
Як нафар муаллим аз писараш мепурсад, ки вақти калон шудӣ, мехоҳӣ кӣ шавӣ? Гуфт муаллим. Муаллим ба писараш гуфт, хок дар сарат, ҳич чиз намешавӣ. Чун вақте мебинӣ ман муаллимам, ба хотири он аст ки ман мехостам, вазири маориф шавам. Ту ки мехоҳӣ муаллим шавӣ, намедонам, баъдан чӣ мешавӣ. Ин шӯхиро барои он навиштам, ки ҲОЙ МАРДУМ!!!!!! Ба ҷои он ки шикоят аз бебарқӣ ва орзуи хонаи гарм кунед, биёед орзуи давлати воқеъӣ бикунем. Агар наметавонем онро ба табъи дил кунем, ҳадди аққал маҷбур кунем, ки он чи ки ҳаққи мост, ба мо бидиҳад.
Бо ташаккур
Низом Асомуддинов
---------------------------------------

То он замоне ки вазъи коррупсия дар Тоҷикистон то ин дараҷа баланд боқӣ монад, гумон аст, ки масъалаи барқ ҳал шавад.
Илҳом
---------------------------------------

Салом.
Аз ҳар назар (исломӣ, ғайриисломӣ, мантиқӣ ва...) ки баррасӣ намоем, золим ва мазлум ҳарду маҳкуманд. Золим ба хотири зулмаш ва мазлум ба хотири пазируфтани зулм. Аз ин хотир, ба назари ман, ин як навъ ғазаби худо аст бар миллати сода, ноогоҳ ва золимпарвари тоҷик, ки худ ба дасти худ интихоб кард.

Ман мутмаъинам, ки агар кор ба ҷое расад, ки автобусу микроавтобусҳоро ҷамъ мекунад ва сукут меунанд ва мегӯянд: Ҷаноби олӣ беҳтар медорад? Албатта, набояд фаромӯш кард, ки Худованд дар Қурони азимушшаън мефармояд: Ба ҳоли ҳеч қавме тағйирот эҷод намешавад то замоне ки он қавм аз худ талошу кӯшиш нишон надиҳад (мебахшед, агар оятро дақиқ натавонистам нависам)
Бо сипос
АЗ ШАҲРИ ТОРИКУ СОКИТУ САРДИ ДУШАНБЕ -- ПОЙТАХТИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН -- ХОНАИ УМЕДИ ТОҶИКОН.
Алитаҷ
--------------------------------------

Ростӣ, бо ин бӯҳрони энергетики дучор шудан мумкин набуд. Барои он ки ин ҳама гуноҳи мансабдорони мост. Мо метавонистем, ки сохтмони истгоҳҳои барқиро кайҳо ба анҷом расонем, аммо бо сабаби ба коррупсия ғутавар будани вазоратхонаҳои мо ба ин рӯзҳо мо расидем. Чунки аз мавҷудияти коррупсия дар идораҳои Тоҷикистон дигар инвесторони хориҷӣ хаста шудаанд ва дигар таваҷҷӯҳ ба инкишофи бизнеси худ дар кишвари моро надоранд.

Мегӯянд, ки мардум аз ҳаққи пардохти қувваи барқ ва газ қарздоранд, аммо он пулҳое, ки ҳар моҳ мо месупорем куҷо мераванд? Ман маблағи газро дар кассаҳо месупорам, вале пагоҳ боз конролерҳои газ ё барқ дари хонаи моро мекӯбанд ва мегӯянд, ки шумо пули газ ё барқро насупоридаед.

Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе шахсони ношинос омада, аз мардум пули газ ё барқро талаб мекунанд ва бар ивазаш барга намедиҳанд. Агар кормандони газу барқ ба чунин беинсофӣ даст задан гиранд пас дар хонаи мову шумо аз куҷо барқ шавад? Яъне пул ба суратҳисоби зарурӣ намегузарад, балки он ба кисаи мансабдорон медарояд. Ин рост аст ва ба ягон далел ниёз нест.

Имрӯз хабарҳои нохуш аз кунҷуканори ҷумхурӣ ба гӯш мерасанд. Дар ҳақиқат, дили кас вайрон мегардад. Бебарқӣ ва бегазӣ боиси марги мардуми бегуноҳ мегардад. Аз Худованд талаби онро дорам, ки ин рӯзҳои маҳшарро ба сари мансабдорони мо низ биёрад. Оллоҳу акбар.

Тоҷиддин
---------------------------------------

Ҳама гап дар сари он аст, ки харамон барои 7 соли дигар аз лой гузашт.
Баҳман
--------------------------------------

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон
Саломуналайкум кормандони радиои Озоди банда аз шумо самимона ташакур мекунам.
Ман фикр мекунам, ки дар ин солҳои наздик чумҳурии Точикистон ба қувваи барк таъмин намешавад, бинобарин ин худ як буҳрони азиме аст. Мутасифона мо дар ин солҳои ахир ноадолатиеро мушохида мекунем ва он ин аст, ки хар гох телехи раиси чумҳур ё ягон корманди буланд пояи Точикистон ба зодгохаш сафар мекунад чанд рузе ки дар ончо бимонад ба хотири як нафар баркхои он чо равшан аст ба махзи ин ки аз ончо ба шахри Душанбе сафар кард барқхоро хомуш мекунанд оё ин бе адолати нест? ман факат даст ба даргохи илохи дароз мекунам дуо мекунам ки худоё ту аз холи мо хабар дори на ягон каси дигар.
Бо эҳтиром
Абдусамади Раҳим
-----------------------------------------

Мо дар Торикистон зиндагӣ дорем. Безор шудем аз ин зиндагӣ - то кай лофи Нораку Сангтӯда мезананд?
То кай дурӯғ ба мардум мерасонанду ростро намегӯянд?
Чаро намегуянд ки барқро ба Афғонистон фурӯхта истодаанду ба халқи худ не? Мардуми Панҷакенту Айниву Масчоҳ як моҳ боз бе барқ зиндагӣ доранд - чаро касе овоз намебарорад?
Сапеда
---------------------------------------

Салом ба хонандагони ин сафҳа. Ман як чизро гуфтаниям, ки ин ҳолат нишонаи аз нав интихоб шудани ҷаноби олитст. Ин тӯҳфаест ба мардуми тоҷик. Хафа нашавед, худатон интихоб кардед ва агар дар вақташ фикр карда овоз медодед, шояд ба ин балоҳои имрӯза гирифтор намешудед.
Бо эҳтиром
Ганчонй
------------------------------------------

Ман аз вазир ва масъулони барқи Точикистон як савол дорам? Чаро дар гузашта мо бо ҳамин нирӯгоҳҳое ки ҳозир дорем тамоми Тоҷикистонро барқ медодем ва шояд ҳам кишварҳои ҳамсояро низ, аммо ҳозир бошад, на танҳо ҳамсояҳоро ва ҳамаи Тоҷикистонро, балки як пойтахт ва ё як райони майдаро барқ дода наметавонем. чаро................?
--------------------------------------

Дар ҳақиқат ин бўҳрони энергетикист, ки дар оянда шадидтар ҳам мешавад.
Сабабҳо ниҳоят гуногунанд:
Дар арсаи чаҳонй сиёсати захирачамькунии давлатҳои тараққикарда, монанди ИМА, ки то чанде метавонанд, захираҳои Арабистону Африқоро харидорй карда: барои оянда захира мекунанд, зеро хуб медонанд, ки баьд аз 25, 50 100 сол бўқрон ба ҳоле шадид ояд, ки...

Чин (Хитой) ҳамчун давлати комилан тез рушдкунанда сол то сол ниёзи бештар ба инержй пайдо карда, омодааст, дар мавриди муайян нафтро ба нархи баланд ҳам харидорй кунад.

Мамолики минтақа, ки сармаст аз насими баҳори иғтисоди бозаргонй нархҳоро чунон баланд мекунанд, ки гўё мо Швейтсария бошем.

Ба фикрам, ҳукумати мо аз камбудй холй нест, аз онҳо мо хеле ҳам баҳра мебарем, вале то кай?! Шояд ки 70 нафар аз мардуми Конибодомро мо дастгирй карда, аз хонаҳо ба саҳнаву майдонҳо нею рост рафта, худро ба хонаи гарми ҳукуматдорон чой кунем? Бо кўдакони кўчакамон ва пеш аз он ки онҳо аз хунукй бимиранд. То мавсими баҳорон меистему халос. Ҳеч гап не. Охир онҳо дар мансаб ба хизмати халқ омадаандку.
Ё ки онҳоро ба ҳоли худ баробар кунем? Фарз кардем, вазири инержй дар хонаи сарди яке аз сокинони маҳалаш чой дода шавад. Мефаҳмидагист?
Сабаб боз он аст, ки то ҳол онҳое ба мансаб мерасанд, ки талаботи замона ва халқро қонеъ карда наметавонанд. Донишу маҳорате надоранд на дар ташкили кор (management) ва на дар касб ва соҳа (technology) Бовари инвесторонро ангезиш намедиҳанд ва сармояи онҳоро ба кишвар кашида наметавонанд. На ҳама, вале аксарият. Инҳоро халқ не, балки шахсе ба сари мансаб меорад, ки ба дурбинияш шубҳа дорам.
Ин сиёсати этнократй ё демократияи этникй моро то чанд соли дигар дар як нуқта, бе рушди иқтисодй бозмедорад?
Хулоса, имрўз на дар бўҳрони энергетикй ҳастем, балки дар зери як бахши он. Бо ин ҳол оянда маьлум аст. Чанги авваламон аз нодонй буд, ояндааш аз беадолативу қашшоқй сар мезанад.
Д.Д.
------------------------------

Ба номи худованди карим
Ман ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки рўзи 13 декабр бебарқй чони як чавони донишманди точик Шараф Атоиро рабуд. Ў соати 4у 30 дақиқаи вақти маҳаллй аз таркиши балони газ бо духтарчаи сесолааш бо як марги фалокатборе тика тика гардид. Хонааш дар кўчаи Советскии пойтахт сўхта валангор гардид. Мошинҳои сўхторнишон баъд аз 1 соати сўхтор омаданд, вағте ки хона сўхта тамом шуд. Вале ин мошинҳо ҳам беоб буданд ва коре карда натавонистанд. Шараф Атоев муҳаррири чанд китоби хуб буд, муҳаррири 13 китоб. Ин магар бўҳрони инержй нест?
Абдуллоҳи Маҳмуд
------------------------------------
Бо арзи салом ба қамаи хонандагон ва ҳамватанон. Ман як пешниҳод дорам, ки биёед Точикистонро Торикистон ном гузорем...

Ислом Ҳафиз
----------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеҷ назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG