Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро қимати гоз дар Тоҷикистон боло рафт?


Масъулини идораи Тоҷикгаз - ниҳоди масъули давлати Тоҷикистон дар ин соҳа далели болоравии баҳои гозро ба тағйири шароити созишномаи байни ҳукуматӣ бо ҷониби Ӯзбакистон марбут донистанд.

Фаёзиддин Содиров- масъули матбуотии ширкати Тоҷикгаз дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт баҳои ҳар ҳазорметри мукааби гоз,ки то кунун аз Ӯзбакистон бо нархи 55 доллари амрикоӣ харидорӣ мешуд шурӯъ аз соли оянда бо арзиши сад доллар ворид карда мешавад.

Оқои Содиров гуфт талошҳои мукаррари мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати пойин бурдани баҳои гоз бесамар анҷом ёфт. Зеро масъулини идораи Узтрансгаз бо далели афзоиши баҳои гоз дар бозори ҷаҳонӣ ҳозир нашудаанд,ки аз ин рақам пойинтар наргузорӣ кунанд.

Ин ҳам дар ҳолест,ки шароити созишномаи ҷонибҳо дар ҳар се моҳ таҷдиди назар шуда ва Тоҷикистон муваззаф аст барои истифодаи гоз маблағи онро аз қабл бипардозад.

Эъломи афзоиши баҳои гоз дар ҳоле интишор мешавад, ки аз нимаи моҳи гузашта дар Тоҷикистон реҷаи интиқоли нируи барқ тағйир ёфта дар саросари кишвар маҳдудияти шадиди истифода аз он ҷорӣ шудааст.
Як тан аз сокинони пойтахт ,ки аз бурдани номаш худдорӣ кард бо нишони эътироз аз афзоиши нархи гоз гуфт ҳукумати нави кишвар низ дар ҳалли мушкилоти мардум оҷиз мондааст.

Ин дар ҳолест,ки сокинони пойтахт дар ҳоли ҳозир аз идораи Тоҷикгаз 90 миллион сомонӣ қарздор ҳастанд, дар ҳоле,ки маблағи умумии қарзи аҳолӣ дар назди ин корхона 125 миллион сомониро ташкил медодааст.

Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба миқдори 650 миллион мукааб гози табии харидорӣ кардааст ,ки ба таъйиди масъули матбуотии ширкати Тоҷикгоз то ҳоли ҳозир панҷсад миллиони онро масраф кардаанд. Ҳамин ҳоло як ҳайат аз мақомоти масъули Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси ширкати Тоҷикгаз ҷиҳати идомаи музокирот дар Тошканд-пойтахти Ӯзбакистон қарор дорад.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG