Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор медали Тоҷикистон дар бозиҳои Осиёӣ


Варзишгарони тоҷик ду медали тилло ва ду нишони биринҷӣ ба даст овардаанд. Тоҷикистон аз 12 кишвари қора, минҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ - Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон болотар ҷой гирифтааст. Вале нисбат ба ду кишвари дигари ин минтақа - Қазоқистон 19 зина ва Узбакистон 15 зина поинтар мебошад.

Чин дар ҳисоби умумии дастаӣ, сарфи назар аз натоиҷи охирин рӯзи мусобиқот, ғолиби Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар гаштааст. То замони пахши гузориши мо Чин бо касби 298 медал, минҷумла 155 нишони тилло дар ҷойи аввал аст. Вале барои ҷойи дуввум байни Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон мубориза идома дорад.

Дар айни ҳол Куриёи Ҷанубӣ бо 181 медал, аз ҷумла 51 нишони тилло дар мақоми дуввум ва Ҷопон бо 191 медал, минҷумла 49 нишони тилло дар мақоми севвум қарор гирифтаанд. Қазоқистон, ки 80 медал, аз ҷумла 22 нишони тилло ба даст овардааст, дар ҷойи чаҳорум ва Тайланд бо 53 медал, минҷумла 12 нишони тилло дар мақоми панҷум мебошанд.

Дар байни даҳ тими беҳтарини қора, ҳамчунин Ирон, Ҳиндустон, Узбакистон, Тайван ва Қатар ҷойгир шудаанд. Ирон то ҳоло бо 39 медал - 10 тилло, 13 нуқра ва 16 биринҷӣ ҷойи шашум ва Узбакистон бо 35 медал - 9 тилло, 13 нуқра ва 13 биринҷӣ ҷойи ҳаштумро касб кардаанд.

Понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар имрӯз бо сабқати ниҳоӣ дар ду ришта - баскетболу футбол ба анҷом мерасад. Минҷумла дар бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои футболи мардона Қатар ва Ироқ рақобат мекунанд. Шоми ҷумъа маросими анҷоми бозиҳо баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG