Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гунагии қатли Ризвон,асрори садамаи ҳавопаймои Тоҷикистон дар Шарҷа ва мушкилоти бебарқӣ


«Миллат» аз хостори музокирот шудани ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандарови бо ҷиноҳи мухолифи Масъуд Собиров хабар додааст. Ба навиштаи нашрия Ҷумъабой Ниёзов муовини раиси ҳизби демократии Искандаров гуфтааст, ин тасмими дуҷониба буд ва ҷониби дуввум низ ба ин музокирот изҳори ризоият кардааст.


Аммо муаллиф навиштааст, ки ҷиноҳи Масъуд Собиров, аз қабл хостори ҳамкорӣ бо ҷиноҳи мухолифи худ будааст ва сари мизи музокирот нишастан пешниҳоди ӯ мебошад. Вале оқои Ниёзов гуфтааст, ки иттиҳоди ин ду ҷиноҳи ҳизб дар ҳоле сурат хоҳад гирифт, ки ҷиноҳи Собиров раёсати Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро эътироф кунад. Ва дар посух Оқои Собиров афзудааст, ки омодааст ба хотири ваҳдати ҳизб курсии раёсатро ба нафари дигар бигузорад.


«Шикори вопасини «дарранда». «Азия плюс», зери ин унвон матлабе дар мавриди таърихи муҳосира ва кушта шудани Ризвон Содиров, фармондеҳи собиқи иттиҳоди нирӯҳои мухолифинро нашр карда, назари мақомот ва ҳамдастаҳои ӯро баён кардааст. Ба гуфтаи мақомот Ризвон Содиров сарвари гурӯҳи ҷиноӣ буд, ки 2 декабри соли 1997 пас аз 7 соати шуруъи амалиёт кушта шуд.


Ҳамзамон бародари Ризвон Фаҳмиддин, ки дар маҳбас аст, мегӯяд ӯ ҳадафи таъсиси давлати исломӣ дар Тоҷикистонро дошт. Ӯ ғорат намекард, балки ҳар нафар аз зердастонашро, ки ғорат ва ё беадолатӣ мекард, сахт муҷозот мекард ва ваъда медод, ки пас аз таъсиси давлати исломӣ ин муҷозот сангинтар хоҳад шуд. Аммо мақомот мегӯянд Ризвон Содиров ҳеҷ гоҳ дар хатти муҳорибаҳо набуд, ҳамеша 50 километр аз мавқеи набардҳо масофа мегирифт ва ба ғорату ситам дар мавқеъи худ машғул буд.


Ӯ корманди Созмони Милали Муттаҳид Карин Маннро асир гирифт. Барои овардани сари ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ ва машина мукофот таъин карда буданд, ва ӯ дар рӯзҳои ахири ҳаёти худ хеле боэҳтиёт пинҳон мешуд. Аммо Ризвонро холаи худи ӯ ба мақомоти қудратии Тоҷикистон фурӯхтааст.


Нашрияи «собития» ба фоҷиаи ҳавопаймои ту 154-и ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, ки соли 1997 мавриди нишастан дар фурудгоҳи Шарҷаи Арабистони Суудӣ суқут кард ва дар натиҷа 85 нафар ба ҳалокат расид, бознигарӣ кардааст. Ба навиштаи нашрия дар ин тайёра аксарият тоҷирон буданд. Тафтиши ин фоҷиаро Департаменти ҳавопаймоии мулкии Аморати Муттаҳидаи Араб бар ӯҳда дошта ва ба натиҷа расидааст, ки иллати сар задании садамаи ҳавопаймо фармони ахирини нигаҳ доштани масофаро иҷро накардани нозири тайёра мебошад. Ҳамчунин ӯ ҳавопайморо поин нишонда ба огаҳии хавф таваҷҷӯҳ зоҳир накардааст, ки дар натиҷа тайёра ба замин бархӯрда комилан оташ мегирад.


Ҳафтаномаи «Тоҷикистон дар посух ба суоли чаро дар Тоҷикистон барқ маҳдуд мешавад, нақшаи бастани маҷрои сарбанди дарёи Вахш, минтақаи таркиши кӯҳпораи ҷиҳати иҷрои ин амал ва мавқеъгирии нирӯгоҳҳои барқи обии Норак ва Бойғозиро нашр кардааст. Ва навиштааст, ки ниҳоят таърихи бастани маҷрои дарёи Вахш ба 15 декабр муқаррар шудаст, ки дар ин маросим Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раиси ширкати РАО ЭС-и Русия Анатолий Чубайс ширкат хоҳанд кард. Нашрия аз қавли масъулини сохтмони нирӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» навиштааст, аз соати 23-и рӯзи 15 декабр то соати 23-и 16 декабр дар соросари Тоҷикистон интиқоли нирӯи барқ комилан қатъ хоҳад
XS
SM
MD
LG