Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш эълони тағйири сиёсат дар Ироқро ба соли дигар гузошт


Пирӯзӣ ё муваффақият? Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш эълони роҳи нави Амрикоро дар Ироқ ба таъвиқ гузошт. Кохи сафед рӯзи 13-уми декабр гуфт, Буш танҳо баъд аз соли нав ин масъаларо баррасӣ хоҳад кард.

Манзур, хулосаҳои Гурӯҳи мутолиъаи Ироқ аст, ки як ҳафта пеш нашр шуда, дар онҳо ҳукумати Амрико ба тағйири хатти маш дар Ироқ даъват шудааст. Ин гурӯҳ дар ҳоле таъсис ёфт ва ба кор сар кард, ки дар интихоботи миёндавраии Амрико ҳизби Буш дар заминаи бебарориҳои сиёсаташ дар Ироқ шикаст хӯрд.


Гурӯҳи мутолиъаи Ироқ, ки аз 10 собиқадори сиёсати Иёлоти Муттаҳида иборат аст, ба ҳукумати Буш, аз ҷумла тавсия дод, ки дар Ироқ на стратегияи пирӯзӣ, балки муваффақиятро думбол кунад ва он ҳам на бо василаҳои ҷангӣ, балки бо дипломатия.

Дар ин ҷабҳаи дипломатӣ, кӯҳнакорони сиёсати Амрико, хостаанд, ҳукумати буш бо Эрону Сурия вориди гуфтушуниди мустақим шавад ва бо таҳкими артиши Ироқ, тадриҷан нирӯҳои худро аз Ироқ хориҷ кунад. Буш то ҳоло нишон надодааст, ки хулосаҳои гурӯҳи мутолиаро пазируфтааст. Вай фақат сипосгузорӣ кард барои малиҳатҳои нек ва гуфт, ҳанӯз ҳам дар Ироқ имкони пирӯзӣ мавҷуд аст. Ин ҳам дар ҳоле ки аксари амрикоиҳо аз гузориши даҳнафара ҳимоят кардаанд.

Кондолиза Райс, вазири корҳои хориҷии Амрико таъвиқро дар посухи Буш сафед карда, ин тавр гуфт: "Ҷойи тааҷҷуб нест, ки вай барои таҳияи сиёсатҳои нав дар Ироқ фурсат кор дорад. Бояд бо мушовирони аршади худ гуфтугӯ кунад ва сипас роҳи ояндаро дар пеш гузорад. Ва ман мутмаъинам, ки фурсат муносиб хоҳад буд, то президент ҳамаҷониба машварат кунад ва муътақид бошад, ки ба ӯ беҳтарин машваратҳо дода шудаанд."

Вале дигарон, аз ҷумла раҳбари аксарияти Сенати Амрико Ҳоррӣ Рейд мегӯянд, интизорӣ ва таъхир дар Ироқ ба манфиати ҳеҷ кас нахоҳад буд. Ҳарчанд ҳеҷ изҳороти расмие садо намедиҳад, матбуоти Амрико ҳукуматро танқид мекунад, ки бо сабаби кашокаши ҷиноҳҳои гуногун президент тасмимҳои худро ба таъвиқ гузоштааст. Ба навиштаи ин манобеъ, Райс ва вазорати умури хориҷии Амрико тарафдори гуфтушунид бо сарони шиъаву суннӣ ва ташкили эътилофи ин гурӯҳҳо мебошанд, аммо ноиби президен Дик Чейнӣ бар ин аст, ки тарҳи дипломатӣ натиҷа нахоҳад дод. Дар ин миён гурӯҳи савум низ вуҷуд дорад, ки мегӯяд, на танҳо бо Эрону Сурия, балки ҳамаи кишварҳои Ховари Миёна вориди гуфтушуниди умумӣ шуд.

Ҳарчанд, Буш мӯҳлати дақиқеро барои ҳалли баҳс эълон накардааст, бо он ки ба зудӣ демократҳо кори Конгрессро зери назорат хоҳанд гирифт, ин фурсат барояш чандон тӯлонӣ нест.
XS
SM
MD
LG