Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи "Осиёи Марказӣ-Ҷопон" дар Душанбе


Нахустҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи гуфтугӯйи «Осиёи Марказӣ ва Ҷопон» рӯзи 13 декабр дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд ва чанд тарҳи нави иқтисодии худро оид ба сохтмони роҳу иншооти бузург ва истгоҳҳои барқиву обӣ, коркарду истифодаи манобеъи табиӣ, инчунин аз миён бурдани мушкилоти баҳри Арал ҷиҳати сармоягузорӣ ба ҳукумати Ҷопон пешниҳод карданд.


Аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон феълан ду лоиҳаи иқтисодӣ, яке оид ба таҷдиду барқарорсозии роҳи автомобилии «Гулистон-Фархор-Панҷ-Дустӣ», ки тақрибан 28 миллион доллари амрикоиро тақозо дорад ва тарҳи дигар, оид ба сохтмони хатти баландшиддати 500 киловаттаи Хуҷанд-Датка пешниҳод шуд. Ба гуфтаи масъулин, барои бунёди ин хатти баландшиддати барқ 260 миллион доллари амрикоӣ лозим мебошад. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси Ширкати саҳҳомии Барқи Тоҷик дар робита ба ин тарҳ мегӯяд, дар сурати бунёди он Тоҷикистон на танҳо дар зимистон, балки тамоми сол Русия ва кишварҳои ҳамсояро бо барқ таъмин мекунад.


Ширкатдорони ҷаласаи гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ ва Ҷопон зимни гуфтугӯҳо ва баррасии тарҳҳои пешниҳодшуда, бештар ба сохтмони исгоҳҳои барқиву обӣ ва истифодаи захоири оби минтақа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд. Ва онҳо гуфтанд, дар сурати татбиқи саривақтии ин тарҳҳо ва ҳамкориҳои судманд дар ин ҷода, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ба зудтарин фурсат мушкили камбуди барқро дар минтақа аз миён бубаранд.


Аммо раҳбари намояндагии ҳукумати Узбакистон Салимбой Ҳабибуллоев гуфт, бояд ҳангоми татбиқи тарҳҳои мазбур, хусусан лоиҳаҳои марбут ба истифодаи захоири об ва сохтмони истгоҳҳои барқиву обӣ, эҳтиёткорона рафтор кард, зеро бастани роҳи дарёҳо ва захира кардани об метавонад боиси мушкилоти муҳити зистӣ гардад ва ба рушди кишоварзӣ ва шароити зиндагии аҳолии кишварҳои ҳамсоя таъсири манфӣ расонад. Ва аммо иштирокдорони ҷаласаи мазбур иброз доштанд, ки дар татбиқи куллияи ин лоиҳаҳои иқтисодӣ, дар навбати аввал, ҷиҳатҳои муҳитизистии ҳар як кишвари ҳамсоя ҳатман ба инобат гирифта хоҳад шуд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG