Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйини реҷаи махсуси барқдиҳӣ дар Душанбе


Бо дастури шаҳрдори Душанбе аз шоми 13 то 20 -уми декабри соли равон ба манозили маскунӣ ва муассисоти пойтахт ба истиснои иншоотҳои муҳимми давлатӣ интиқоли нируи барқ тибқи реҷаи махсус сурат хоҳад гирифт.


Шавкат Сайидов сухангӯи шаҳрдори Душанбе гуфт дастури реҷабандии интиқоли нируи барқ аз сӯи шаҳрдорӣ дар пайи таъйини таърихи дақиқи баста шудани маҷрои Вахш дар маҳалли эҳдоси ниругоҳи Сангтуда -1 дар ҷануби Тоҷикистон содир шудааст.


Ин маротибаи дуввум аст,ки мақомоти кишвар замони баста шудани маҷрои рӯдхонаи Вахшро ба таври расмӣ эълом мекунанд. Қаблан ин таърих ба рӯзи 30- юми ноябр таъйин шуда, маҳдудияти интиқоли нируи барқ низ дар рӯзҳои аз 28 то сиюми ҳамон моҳ пешбинӣ мешуд.


Аммо дар куллияи манотиқи Тоҷикистон ба истиснои пойтахт интиқоли ниру аз нимаи дуввуми моҳи гузашта ба таври бесобиқа коҳиш дода шуд. Дар ин миён хисороти ворида ба бархе аз корхонаҷоти санъатии кишвар дар пайи реҷабандии барқ дар як шабанарӯзро коршиносон бештар аз 16 миллион сомонӣ баровард кардаанд.


Ин ҳам дар ҳолест,ки бар асоси ин реҷабандӣ аз соати 23-и шаби 15 то ҳамин соати рӯзи 16 уми декабр интиқоли нируи барқ дар саросари кишвар ба ғайр аз иншоотҳои муҳимми давлатӣ комилан қатъ хоҳад шуд.
Бар пояи иттиллои масъулини ширкати Барқи тоҷик дар ҳоли ҳозир дар саросари ҷумҳури 41 миллион киловат соат нируи барқ истеҳсол мешавад ,ки 29 миллиони онро ниругоҳи Норак тавлид мекунад. Ва аммо дар рӯзи баста шудани маҷрои Вахш иқтидори тавлидотии Норак панҷоҳ дар сад коҳиш хоҳад ёфт.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG