Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«АиФ» ва «КП» ба Тоҷикистон меоянд


Ҳафтаворҳои маъруфи Русия «Аргументи и Факти» ва «Комсомолская Правда» ба Тоҷикистон меоянд.

Сӯҳроб Ҳаитов, ёвари Шарифи Ҳамдамупр- раиси пружаи мазкур дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сари ин лоиҳа пардаи сиррӣ кашида гуфт, то ҳанӯз таърихи нашри ин ҳафтаномаҳо дар Тоҷикистон дақиқ нашудааст.

Ва аммо Умед Бобохонов, сардабири ҳафтаномаи русии «Азия плюс» мегӯяд, ҳафтаномаҳои Русия шурӯъ аз Соли Нав дар Тоҷикистон нашр мешаванд. Аз Умед мепурсам, ки нашри ҳафтаномаҳое, ки теъдоди онҳо аз миллионҳо адад зиёд аст, дар бозори дохилии ВАУ ба вежа бозори таблиғ ё реклама майдони фаъолияти газетаҳои русии маҳаллиро танг намекунад? Ӯ гуфт,

«Албатта бозори рекламаи мо маҳдуд мешавад. Дар ин зимн рақобати мо ба газетаҳои Русия на танҳо дар заминаи болоравии теъдод, ки дар пайи ба даст овардани бозори реклама низ авҷ мегирад»

Аз сӯи дигар, дар Душанбе сару садоҳо роҷеъ ба маоши баланд дар ин ду газетаи Русия ба гӯш мерасанд. Сардабирон мегӯянд, ҳамакнун барои аз даст надодани журналистони худ бояд маоши онҳоро ба карат боло бардоранд. Аммо Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва сардабири 8 газета мегӯяд, маоши кормандони газетаҳои русӣ дар Тоҷикистон аз болоравии теъдоди ин ҳафтаворҳо дар Душанбе бастагӣ дорад:

«Овозаҳо ҳаст, ки то чанд сад доллар аст маош дар ин газетаҳо. Аммо хабарнигорони ман рафта фаҳмиданд, ки маоши коргарони онҳо 500 сомонӣ - $160 аст. Дар оянда маоши коргарони Аргументи и Факти ва Комсомолская Правда аз болоравии теъдоди нашри газетаҳо бастагӣ дорад.»

Ин дар мавридест, ки магнатҳои тоҷик ҳамакнун ба рақобати шадид бо «АиФ» ва «КП» омодагӣ мегиранд. Акбари Саттор тасмим дорад, саҳифаҳои рӯзномаашро зиёд кунад, газетаҳоро бо чанд ранг чоп кунад ва дар маҳаллаҳо нуқтаҳои хабаргузорӣ кушояд. Умед Бобохонов мегӯяд, шурӯъ аз соли нав ҳамзамон тарҳи тоҷикии Азия Плюсро чоп мекунад.
XS
SM
MD
LG