Пайвандҳои дастрасӣ

Қисмати инсон: Никоҳ дар маҳбас


Маъмулан, тӯйу сури тоҷикӣ ва маросими бастани никоҳ бо садои доира ва карнаю сурнай оғоз меёбад. Аммо барои мусоҳиби ман, ҷавондухтар аз шаҳри Хуҷанд , ки аз зикри номаш худдорӣ варзид, маросими никоҳ дар шароити дигар ва бе ин гуна тантанаҳои туёна, дар зиндони шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Шавҳаршавандаи мусоҳибам дар он ҷо давраи маҳбусии худро сипарӣ мекунад. Ин арӯси ҷавон нақл кард, ки аслан бо ҷавони ақди никоҳбастааш пеш аз зиндонӣ шудани ӯ ба зиндагии ҳамҷоя шурӯъ карда, ду фарзанд ба дунё оварда буд, аммо никоҳи қонунӣ надоштанд :

« Хайр, тақдир ҳамин хел шуд, ки ин ҷо шинад. Қариби як сол шуд, ки дар ҳабсхона. Мо орзуву ҳавасҳо дорем. Ҳоло ҷавонем. Орзу дорем, ки худо тарафи мо нигоҳ кунаду раҳми ҷавонии моро, фарзандони кӯдаки моро хӯрад ва аз ин ҷо озод шавад. »

Ин арӯси чавон афзуд, ба хотири пойдории оила ва ояндаи фарзандонаш ва ин ки рӯзе ҷавони ба шавҳарӣ интихобкардааш албатта аз ҳабс озод хоҳад шуд, бо вай никоҳи қонунӣ баст:
«Ду фарзанд дорем: Аҳмад ва Азиза, якеш, чорсола, дигариш дусола. Мо орзуҳои зиёд дорем. Хайр, шавҳарам аз ҳабс барояд»

Ҷавонзани мусоҳибам танҳо арӯсе нест, ки бо ҷавони маҳбус дар зиндони Хуҷанд ақди никоҳ бастааст. Ба гуфтаи Махфират Тоҳирова - сарвари хонаи ақди никоҳи маркази устони Суғд, имсол дар зиндони мардонаи Хуҷанд ҳабдаҳ ҷуфт арӯсу шаҳи ҷавон оилаи якҷоя барпо кардаанд:

«Ин гуна занон баъди бастани риштаи никоҳ умедвор мешаванд, ки албатта, шавҳаронашон рӯзе ба озодӣ мебарояд. Мард ҳам дилпур мегардад, ки дар озодӣ ӯро зану фарзандон интизоранд. Ин кори хеле хайр аст. Ягона мақсади мо, кормандони идораи ақди никоҳ ҳамин ки оилаҳо устувор бошанд ва бигзор он шавҳароне, ки имрӯз дар маҳбас ҳастанд, рӯзе ба назди зану кӯдакони худ баргарданд. »

Хонум Тоҳирова гуфт, раҳбарияти маҳбаси Хуҷанд ба оиладор шудани маҳбусон бо назари нек нигаҳ мекунад ва дар барпо шудани оилаи нав ва мулоқотҳои навхонадорон дар маҳбас шароит муҳайё кардаанд.

Ҳангоме ки дар идораи ақди никоҳи Хуҷанд бо хонум Тоҳирова сӯҳбат мекардам, як ҷавондухтаре ҳам ба ин даргоҳи муқаддас омада буд, то ки барои хонадор шудан бо як маҳбус ариза супорад. Вай гуфт, ки бо маҳбуси дилдодааш бо нома шинос шуда, дидорҳо доштааст ва ҳамҷоя тасмими хонадоршавӣ гирифтаанд ва баъди як моҳ ба маросими хонадоршавиаш даъват хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG