Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Буш бо муовини раиси ҷумҳури Ироқ


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш бо муовини раиси ҷумҳурии Ироқ Ториқ Ал Ҳошимӣ дар Кохи Сафед мулоқот кард. Буш дар сӯҳбат бо ин мақоми баландпояи суннимазҳаб гуфт, ки ИМА омода аст, ба ҳукумати Ироқ барои дар амал татбиқ кардани ормонҳои баландпояи он мусоидат кунад.


Ҷорҷ Буш: "Ҷаноби муовини раиси ҷумҳурӣ, паёми имрузаи ман ба шумову мардуми Ироқ ин аст, ки мо мехоҳем кумакатон кунем. Мехоҳем ба шумо дар муассирияти коратон, ва дар амал татбиқ шудани ормонҳои баландпояи шумо дасти кумак дароз кунем. Ва ман ба шумо, барои раҳбари як бахши умдаи ҷомеаи Ироқ буданатон изҳори сипос мекунам, шумо раҳбари шумори зиёди сунниҳо ҳастед ва дар баробари ҳукумати худ, ки аз шиаёну сунниҳо, курдҳо ва дигарон ташкил шудааст, дар барқарории сулҳ тааҳҳуд кардаед. Ва ман шуморо хушомадед мегуям, ташаккур баён мекунам ва ба ҷуръати шумо таҳсин мехонам"


Ал Ҳошимӣ гуфт, ӯ ӯҳдадор буд, ки бидонад, новобаста ба ин ки Буш дар андешаи таҳияи стратегияи нав дар Ироқ мебошад, дар пайи пайдо кардани як роҳҳалли бомувозинат хоҳад буд. Раҳбари сунниҳо гуфт, ба эътимоди ӯ, дар ҳамкорӣ бо маъмурияти Буш, дар ояндаи пешгуишаванда ба муваффақият даст хоҳанд ёфт. Имруз қарор аст Ҷорҷ Буш дар вазоарти дифои кишвараш бо мақомот мулоқот ткарда стратегияи ироқро баррасӣ кунад
XS
SM
MD
LG