Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуршед Анвар вориди Душанбе шуд


yv

Имрӯз (13 декабр) Хуршед Анвар, дабири кулли Созмони байналмилалии ҳамкориҳоии иктисодӣ бо вузарои энержию саноат, рушди иқтисоду тиҷорат, нақлиёту мухобирот ва кишоварзию ҳифзи муҳити зист дидору мулоқот мекунад.


Ҷонибҳо дар масоили дурнамо ва таҳкими равобит бавижа дар соҳоти энержӣ, тиҷорат ва васоили мухобиротӣ табодули назар мекунанд.


Фардо, 14 декабр мулоқоти Хуршед Анвар, дабири кулли ин созмон бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар назар аст.


Созмони байналмилалии ҳамкориҳои иқтисодӣ соли 1985 таъсис ёфта ҳадафи аслияш мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳои узв аст. Тоҷикистон соли 1992 ба узвияти ин созмони иқтисодӣ пазируфта шуд.
XS
SM
MD
LG