Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши ваҳдат дар Ҳизби демократ


Иттилоъи бештар ин ҷост.

Барои баҳамойии ҳарду ҷиноҳи ҲДТ дуъо мекунам. Ба мо-ку фоидаашон намерасад, ақаллан худашон бо ҳамдигар муросо кунанд.... Ман ба ҳама одамоне, ки узви ягон ташаккули сиёсӣ нестанд, ОФАРИН мегӯям!
НУФАРН-4
--------------------------------------

Агар дар гурӯҳи Собиров дар ҳақиқат аъзои ҳизби демократ бошанд, якҷояшавии ин гурӯҳҳо имкон дорад, вале агар онҳое дар он ҷо ҷамъ шудаанд, ки ба хотири чизе ё касе ин корро амалӣ намуда бошанд, якҷояшавии ҳизб даргумон аст.
Хайр
---------------------------------------

Дуруд бар Шумо.
Аммо ҳич боварам намеояд, ки ин ду ҷиноҳ таҳти як барнома ва рӯйи як мақсаду маром ба ҳам оянд. Бегуфтугӯ, боз ҳам ихтилофот миёни аъзои ин ду ҷиноҳ пайдо хоҳад шуд ва дигарбора аланга мегирад. Тасаввур накарданист, чанде пештар Ҷумъабой Ниёзов ва ҳамроҳони ӯ аз амалкарди вазорати адлия, ки Масъуд Собировро раҳбари ҳизби демократ эълон кард, ғайриқонунӣ шумориданд ва имрӯз мехоҳанд бо ӯ як навъ "сулҳ" банданд.
Аслан, бубинед, ки мавҷудияти ин ҳама аҳзоби сиёсӣ боз ҳам ҳолати мардуми моро дигар карда наметавонад. Сиёсат рақобат аст, рақобат барои мансабгирӣ не, рақобат барои карйера сохтан, рақобат барои хидмати халқро кардану маҳбубият пайдо намудан. Сиёсатмадорони мо фақат "ҷангҷол" мекунанду бо сухани заҳролуди хеш якдигарро мекушанд, шаъни якдигарияшонро паст мезананд, вале ҳич кори дурустеро анҷом дода наметавонанд. Барои ҳамин, кори демократҳо ва сотсиалистон дар гузашта аз ин мазҳакае беш буда наметавонад.
Хушбахтии ман дар он аст, ки узви ягон аз ҳизби мавҷудаи Тоҷикистон ва ҷаҳон нестам. Шумо чӣ ҳол доред, ҳамсолон ва ҳамватанони ман? Боз ҳам ба аҳзобу намояндаҳои он бовар доред ё бовар мекунед???
Дабири Кабир
----------------------------------------

Салом.
Инҳоро беҳтар аст ба ҷои "ҳизб" арӯсак(лӯхтак)-и ҳукумат номид. Воқеан хандаовар ва барои мо дар арсаи сиёсии байнулмилал шармандагию таассуфангез аст, ки ҳизбҳои мо чунинанд.
Масалан, ба ёд оред, ҳамин ду ҷиноҳро, ки ҳамин як-ду ҳафта пеш мисли Том ва Ҷеррӣ ҳамдигарро таъқиб мекарданд ва носазо мегуфтанд. Аммо имрӯз, ки "вазифа"-и супурдашуда бо муваффақият иҷро шуд ва ба иборате сенарио тамом шуд, боз масъалаи иттиҳодро матраҳ мекунанд. Ин ба назари ман як навъ хиёнат ба миллат аст, чун онҳо бо эътиқоди мардум бозӣ мекунанд.
Зимнан мехоҳам, ба кормандони мӯҳтарам ва заҳматкаши радиои Озодӣ бигӯям, ки ҳизбҳои Тоҷикистон дар ҳадде нестанд, ки дар бораашон (мисли аҳзоби Аврупо ва Амрико) баҳс кунем. Беҳтар аст ба ҳоли худ раҳояшон кунем, то ҳаддиақал дар чунин маъракаҳо чор танга даромад кунанд.
Бо эҳтиром тоҷик аз шаҳри торику хомӯши Душанбе (бозгашт ба асри Сомониён)
Алтаҷ
---------------------------------------

Ба ҳам омадани ду қабати ҲДТ иқдоми олист аз ҷониби аъзо ва раҳбарони он. Ман бовар дорам, ки ин ду тараф дар таъсири қувваҳои сеюм аз ҳам ҷудо шуда буданд. Аввалин мартаба ба ҳам омадани ин ду ҷиноҳро Ойниҳол Бобоназарова, собиқадори ин ҳизб пешниҳод кард ва ҳоло ки ин пешниҳод амалӣ мешавад, яқин аст, натиҷаи бартаре хоҳад дод.
Бо эҳтиром
Азиз, ҳаводори ҲДТ аз шаҳри Душанбе
----------------------------------------

Вақтҳои охир дар атрофи Ҳизби демократ баҳсҳо зиёд буданд. Расонаҳо Ҳизби демократи Масъуд Собировро ҳукуматӣ ва ҳизби Маҳмадрӯзӣ Искандаровро зидди ҳукумат меномиданд. Аммо бархилофи гуфтаи бисёриҳо дар интихобот на номзади ҳизби Собиров ба қайд гирифта шуд ва на худи ӯ мансаберо ба даст овард. Пас, далели равшан дар ин пешгӯиҳо набудааст. Фақат ҳаминро дарк кардам, ки ин ду ҷиноҳ дар аввал якдигарро хуб нафаҳмидаанд ва ахиран ба хотири устувории ҲДТ розӣ шуданд, ки якҷо шаванд. Ман бовар дорам, ки демократҳо дар оянда ба ҳукумат кӣ буданашонро нишон медиҳанд ва бигзор ҳукумат бо онҳо арӯсакбозӣ накунад.
Султон, шаҳри Ваҳдат
---------------------------------------

Cалом, халқи меҳнатдӯсти тоҷик!
Ман як суол дорам аз ҳамаи мардум. Ҳамин ҳизбҳои имрӯзаи Тоҷикистон чӣ лозиманд?
Дуввум ин ки танҳо дар давлати мирӯзаи Тоҷикистон як ҳизб ҳаст, ки ин ҳам ҳизби ҳокими халқию демократӣ. Дигар ҳизбҳо лозим нестанд. Барои он ки дар интихобот ҳам, дар раъйпурсии умумӣ ҳам фақат ҳамин ҳизб пирӯз меояд.
Каздонӣ
--------------------------------------

Ба рости гӯям, Шумо, демократҳоро, фаҳмида нашуд.
Мушу гурба барин ҳар рӯз -- бозӣ. Як маслиҳат: Беҳтараш шарм доред ва аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун равед.
Иномҷон
--------------------------------------

Ман, ростӣ, ба ин комёбии ҳизб дигар бовар надорам. Ин ҳизб номзадҳое дорад, ки дар дохили ҳизб мехоҳанд ҳар гуна монеаҳо эҷод кунанд. Гап дар он аст, ки қисме аз номзадҳои ин ҳизб ба бозичаи дасти ҳукуматдорон табдил ёфтаанд ва дар вақтҳои зарурӣ онро метавонанд. боз ба ду гурӯҳи ба ҳам муқобил ҷудо кунанд. Фаъолияти онҳо дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли равшани нотифоқӣ дар дохили ҳизб аст.

Тоҷиддин
---------------------------------------

Салом, ҳамватанони азиз!
Ба умеди комёбӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз!
Аммо нисбати Ҳизби демократ ҳаминро гуфтаниям, ки агар ҳарду ҷониб демократияи ҳқиқиро бихоҳанд, бошад ва агар ҳадафҳо ба хотири мансаб бошад, пас думболи ҳукумати Раҳмонов ва пуштибони он мешаванд, фақат ба хотири мансаб. Ростӣ, ман бовари зиёд надорам, ки онҳо якҷо шаванд, чунки ҳукумат инро намехоҳад ва ҳатман як тарафро ба худ мекашад, хосатан ҲД-и Собировро. Пас ин далолат мекунад, ки дар аҳдофашон фарқият ҳаст.
Ташаккур,
Аҳмадӣ.
----------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеҷ назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG