Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешнависи Қатъномаи зидди Ирон омода аст


Амрико ва муттҳидони аврупоиаш мехоҳанд барои пешнависи қатъномаи таҳримҳои зидди Ирон ҳар чӣ зудтар дар Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (ША СММ) райдиҳӣ сурат бигирад. Кондоллиза Райс-вазири хориҷаи Амрко мегуяд, вай хушбин аст, ки дар ояндаи наздик ин пешнавис дар ША ба тасвиб хоҳад расид. Вай рузи дақиқи райдиҳиро пешгуӣ накард, вале изҳор дошт, ки ин қатънома марҳалаи кофии тулониро тай кардааст.

Ин пешнависи қатъномаро Бритонё, Фаронса ва Олмон таҳия кардаанд ва Руссия нисбат ба тарҳи пешин ба ин тарҳ камтар мухолифат нишон додааст. Ибтикороти навини Аврупо ба Теҳрон фишори бештар ворид меорад, то дархости СММ-ро дар бораи қатъи ғанисозии урониюм иҷро кунад. Бо назардошти кушишҳои Руссия ва Чин СММ саъй хоҳад кард, буҳрони ҳастаии Ирон аз роҳҳои дипломатӣ ҳал шавад. Сергей Лавров-вазири хориҷаи Руссия ба хабарнигорон дар Маскав гуфт, дар пешнависи кунунӣ таҳримҳои густарда дар назар гирифта нашудааст:

"Пешнависи нави қатънома таҳримҳои густардаро дар назар надорад, вале феҳристи тадобири мушаххасро дар бар мегирад, ки тибқи он ба Ирон таҷҳизоти мавриди нигаронии Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ дода намешавад".

Вале Маскав бо баъзе моддаҳои тарҳи қатънома розӣ нест, моддаҳое аз қабили манъи сафар ва манъи сармоягузориҳои хусусӣ. Дар пешнависи пешниҳодии Аврупо аз ниругоҳи ҳастаии Бушеҳр, ки бо кумаки Руссия бунёд мешавад, ном бурда нашудааст. Қарор аст, ин ниругоҳ дар охири соли 2007 ба тавлиди нируи барқи атомӣ шуруъ кунад. Чин то ҳол дар бораи тарҳи нави қатънома назари худро баён надоштааст. Аммо Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Ирон дар устони Мозандарони Ирон дар ин бора чунин ҳушдор дода буд:

"Аз ин ба баъд, агар бихоҳед чӣ дар таблиғот ва чӣ дар маҷомеъи байналмилалӣ алайҳи ҳуқуқи миллати Ирон қадаме бардоред ё пофишорӣ кунед, миллати Ирон инро ба ҳисоби душмании шумо хоҳад гузошт ва агар идома бидиҳед, дар масири худаш ва дар барномаи худаш дар иртиботи бо шумо таҷдиди назар хоҳад кард".

Дар пешнависи қатъномаи нав омадааст, дар сурати тасвиби он, агар раиси Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ гузориш диҳад, ки Ирон ғанисозии урониюмро қатъ кардааст, таҳримҳо бар зидди Ирон низ қатъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG