Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарду Ҳизби демократ хостори гуфтугӯ ва ҳамоиш шудаанд


Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров эълом дошт, омодааст бо Ҳизби демократи Масъуд Собиров сари мизи гуфтушунид биншинад ва ҷудоиро дар дохили ҳизб аз байн барад. Ҷумъабой Ниёзов, ноиби раиси Ҳизби Искандаров имрӯз ба хабарнигорон гуфт, ин ҳаракат дуҷониба буд ва дар ҳоле ки як тараф музокиракунандагони худро ба назди дуввумӣ фиристод, тарафи дуввум низ мехост, вориди гуфтугӯ шавад.


Дар ҳамин ҳол, Масъуд Собиров ба радиои Озодӣ гуфт, музокира ва ҳамоиш пешниҳоди худи ӯ буд ва бо шунидани ин хабар ба Ниёзов табрикҳо мефиристад, ки ин раванд суръат бигирад. Собиров афзуд, ҳеч гуна ҷудоӣ дар ҳизб вуҷуд надошт ва ӯ аз оғоз ин афродро даъват карда буд, бо ӯ, дар паҳлуи ӯ бошанд. Вале Ниёзов дар мулоқот бо хабарнигорон гуфт, иттиҳод замоне ба амал меояд, ки Масъуд Собиров ва тарафдорони вай раёсати Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро ба ҳизб эътироф кунанд. Вай афзуд, дар бораи сарнавишти Искандаров ҳизб ҳамчунин номае ба вазири нави адлия ирсол доштааст.
XS
SM
MD
LG