Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду нафар дар як сӯхтор дар Кӯлоб


СД

Нимарӯзи сешанбеи 12 декабр бар асари як сӯхтор дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб ду кас фавтид ва як тани дигар ҷароҳат бардошт. Ба иттилоъи Файзулло Атоев, муҳандиси хадамоти давлатии оташнишонии минтақаи Кӯлоб, бар асари сӯхтор Валентина Маркилова ва Сония Юнусова дар ҷои ҳодиса фавтидаанд.


Ба гуфтаи шоҳидон, сабаби аслии сӯхтор дар бинои баландошёна дар маркази шаҳр адами қувваи барқ ва газ аст, ки мардум дар рӯзҳои сард барои гарму равшан кардани манзили зист аз бухорӣ ва шамъдонҳо истифода мебаранд.


Дар маҷмӯъ, дар тӯли 11 моҳи соли равон дар Кӯлоб 77 сӯхтор ба вуқӯъ пайвастааст. Хисороти расида аз сӯхтор 300.000 сомонӣ баробар ба 100.000 доллари амрикоиро ташкил дод.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG