Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати таҳқиқи ҳаводиси Андиҷон вориди Тошканд шуд


Як ҳайати коршиносони Иттиҳоди Аврупо бо ҳадафи омӯзиши вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон баъди руйдодҳои хунини Андиҷон вориди пойтахти ин кишвар шаҳри Тошканд шудааст.Пиер Моллер, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ гуфт, сафари мазкур моҳе баъд аз он анҷом мегирад, ки Узбакистон барои баррасии руйдодҳои Андиҷон бо Иттиҳоди Аврупо изҳори омодагӣ нишон додааст.

Ӯ гуфт: "Ҳайати мо ба Андиҷон сафар мекунад. Ин ҳайат рузи душанбе вориди Тошканд шуд ва дар ин ҷо як ҳафта ба сар хоҳад бурд. Ба ин гуруҳ 14 мутахассис, аз ҷумла коршиносони умури ҳуқуқӣ, полис ва умури ҳуқуқи башар шомиланд"

Мақомоти расмии Узбакистон мегӯянд, дар ошӯбҳои Андиҷон моҳи майи соли 2005 - 187 нафар, ғолибан афроди муртабит ба гурӯҳҳои мазҳабии тундгаро ба ҳалокат расиданд. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегуянд, дар ҳаводиси Андиҷон садҳо нафар мардуми бегуноҳ ҳадафи тир қарор гирифтанд.

Баъди он ки мақомоти Узбакистон барои анҷоми як таҳқиқи мустақили байналмилалӣ мухолифат варзиданд , Иттиҳоди Аврупо алайҳи мақомоти Узбакистон таҳримот эълом кард. Таҳримоти эълом шуда шомили хариду фурӯши аслиҳа ва манъи сафари 12 мақоми баландпояи давлати Узбакистон ба кишварҳои аврупоӣ буд. Моҳи гузаштаи соли равон ин таҳримҳо барои ним соли дигар тамдид шуданд.
XS
SM
MD
LG