Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳон Қурбонов ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт


Ҷаҳон Қурбонов, варзишгари 20- солаи тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар дар мусобиқоти бокс ба рақобати ниҳоӣ роҳ ёфт.Вай дар рақобатҳо дар вазни 81 килограмм нахуст бар Хиаоринг Занг, варзишгари Чин ғолиб омад. Сипас дар даври чаҳорякниҳоӣ Вердос Янабергенови қазоқро мағлуб сохт. Муштзани тоҷик дар рақобати ниманиҳоӣ ҳарифи худ Меҳдӣ Қурбонии ирониро шикаст дод.

Бад-ин тартиб Ҷаҳон Қурбонов, ки ҳадди ақал соҳиби медали нуқра мегардад, дар рақобати ниҳоӣ рӯзи чоршанбеи 13 декабр бо варзишгари Куриёи Ҷанубӣ Ҳак Сунг Сонг барои дарёфти медали тилло ва увони қаҳрамони Бозиҳои Осиёӣ зӯрозмоӣ мекунад.

Тоҷикистон миёни 36 кишваре, ки то ҳоло соҳиби медалҳо гаштаанд, бо як медали тилло ва 2 медали биринҷӣ дар мақоми 25-ум қарор гирифта, аз бисёр кишварҳо, ба монанди Муанмар, Филиппин, Қирғизистон, Ироқ, Шри- Ланка, Покистон, Туркманистон, Непал, Афғонистон, Макао ва Бангладеш болотар аст.

Як медали тиллои дастаи Тоҷикистонро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва ду нишони биринҷиро Расул Боқиев дар гуштии дзюдо ва Шокирҷон Раҷабов дар риштаи таэквон-до ба даст овардаанд.
Чин бо касби 243 медал, минҷумла 124 нишони тилло мисли пешин дар мақоми нахуст аст. Куриёи Ҷанубӣ бо 153 медал, аз ҷумла 44 нишони тилло дар мақоми дуввум ва Ҷопон бо 151 медал, минҷумла 43 нишони тилло дар мақоми севвум қарор гирифтаанд.

Қазоқистон, ки 63 медал, аз ҷумла 19 нишони тилло ба даст овардааст, дар ҷойи чаҳорум мебошад. Дар байни даҳ тими беҳтарини қора, ҳамчунин Тайланд, Тайван, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Қатар ва Баҳрайн ҷойгир шудаанд.Понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар рӯзи 15 декабр ба анҷом мерасад.
XS
SM
MD
LG