Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишҷӯён суханронии Аҳмадинажодро қатъ карданд


Донишомӯзони Донишгоҳи политехникии Амири Кабири Теҳрон имрӯз суханронии президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро қатъ карда, ӯро "диктотур" ва "дурӯғӯ" хитоб карданд. Ин моҷаро ба думболи эътирозҳои саркӯбшудаи донишомўзони ҳамин донишгоҳ, ки 10-уми декабр сар задаанд, ба амал омад. Хабаргузориҳои Эрон мегўянд, донишчўён гурўҳи наворбардорони телевизиони давлатиро мавриди ҳамла қарор дода, танҳо баъд аз бархўрд бо издиҳоми бузургтари тарафдорони Аҳмадинажод ақибнишинӣ карданд. Президенти Эрон, тибқи хабарҳо, эътирозгаронро ақаллияте номид, ки Иёлоти Муттаҳида сармоягузорӣ кардааст ва пас аз фосилае ба суханронии худ идома дод.


Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, гурӯҳе аз донишомӯзони донишгоҳи политехникӣ бархоста, ба муқобили сиёсатҳои нави ҳукумат дар донишкадаҳо шиъор зад: "Онҳо хитоб мекарданд, ки "Марг бар диктотур!", "Нест бод фишор!" ва ин ки Аҳмадинажод сабаби фақру фасод аст ва монанди инҳо."


Хабаргузории Адвори Эрон мегӯяд, садҳо нафар аз донишомӯзони Донишгоҳи Амири Кабир рӯзи 10-уми декабр дар ҳамин донишгоҳ даст ба намоишҳои эътирозӣ зада буданд. Пештар як эътирози дигари донишомӯзон рӯзи 6-уми декабр дар Донишгоҳи Теҳрон ба амал омадааст.
XS
SM
MD
LG