Пайвандҳои дастрасӣ

Пиночет бидуни маросими расмӣ ба хок супурда мешавад


Дар Сантяго-пойтахти Чилӣ миёни ҷонибдорони Августо Пиночет-раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар ва мухолифонаш баъд аз маргаш зуду хурд ба амал омад. Ин заду хурдҳои хиёбонӣ шаҳодат медиҳад, ки шахсияти раҳбари собиқи Чилӣ ҳатто баъд аз маргаш низ дар кишвараш ҳануз зидду нақиз боқӣ мондааст. Изабел Алленде-духтари Салвадор Алленде-раиси ҷумҳури собиқи Чилӣ, ки Пиночет падарашро дар як кудетои низомӣ да соли 1973 аз қудрат барканор кард, мегуяд, марги Пиночет сабаб шуд, ки вай аз муҷозот дур бимонад:

"Барои ман дардовар аст, ки вай бароҳат ҷон дод. Вале парванда ҳануз боз аст ва расидагӣ ба он бояд идома пайдо кунад. Ман бовар дорам, ки вай сазовори ҳеҷ гуна маросими расмии дафн нест. Вай диктатор буд ва мардум уро интихоб накардаанд".

Изабел Алленде ин суханонро рузи якшанбе изҳор дошт, баъд аз он ки Пиночет дар шифохонаи Сантияго даргузашт. Табибон мегуянд, баъд аз ҳамлаи қалбии як ҳафта пеш онҳо саъй кардаанд, Пиночетро дубора ба ҳуш оранд. Вале талоши онҳо натиҷа надодааст. Пиночет муддатҳои тулонӣ бемор буд. Ҳукумати Чилӣ ба хонаводаи Пиночет изҳори таслият кардааст ва дар Чилӣ парчамҳои давлатӣ ба нишонаи мотами миллӣ ба ҳолати нимаафрошта дароварда шудааст.

Рикардо Лагос Вебер-сухангуи ҳукумати Чилӣ гуфтааст,барои дафни Пиночет маросими расмӣ баргузор нахоҳад шуд, вале рузи сешанбе таи як маросими низомӣ вай ба хок супурда мешавад. Пиночет дар натиҷаи як кудетои низомӣ Салвадор Алленде-раиси ҷумҳури мунтахаби Чиллиро аз қудрат барканор кард ва ба ҷонибдорони вай бераҳмона фишор овард. Он вақт дар Чилӣ тавваруми пул ҷараён дошт ва мухолифатҳои сиёсӣ ба авҷи аъло расида буд. Дар натиҷаи ин кудето Салвадор Алленде-раиси ҷумҳури вақт кушта шуд. То ҳол рушан нест, ки вай худкушӣ кардааст ё уро куштаанд.

Пиночет бар зидди ҳизбҳои марксистӣ мубориза кард. Ҳазорон нафар бенишон шуданд. Ҳуқуқи башар нақз мешуд, Дар матбуъот сонсури шадид ҷорӣ буд. Бисёре аз рушанфикрони кишвар ба хориҷ фирор карданд. Баъд аз кудетои низомӣ дар Чилӣ ва руи кор омадани Пиночет маълум шуд, ки Си Ай Эй-ё ЦРУ-и Амрико барои ташкили беназмиҳо дар давлати Салвадор Алленде милёнҳо доллар сарф кардааст.

Пиночет баъд аз кудетои низомии соли 1973 як сол баъд, яъне дар соли 1974 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор кард ва то соли 1990, яъне 16 сол раиси ҷумҳур буд. Сипас бо дархости додгоҳи Испониё вай бояд дар додгоҳ муҳокима мешуд. Ба ин сабаб вай соли 1998 дар ҷараёни яке аз боздидҳояш аз Лондон бо дархости Испониё ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Вале табибони Бритонё баъд аз 18 моҳи ҳабси хонагӣ гуфтанд, ки Пиночет бемор аст ва наметавонад ба додгоҳ кашонда шавад. Ба ин тартиб, Пиночет дар сини 91 солагӣ аз олам даргузашт.
XS
SM
MD
LG