Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз шастсолагии ЮНИСЕФ


Рӯзи душанбе (11 декабр) дар шаҳри Ню-Йорк 60 солагии таъсиси ЮНИСЕФ ё Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Миллали Мутаҳид ҷашн гирифта шуд. Кофӣ Аннан, дабири кулли СММ дар ин маросим гуфт, ки ЮНИСЕФ ҷони миллионҳо кӯдакро дар кишварҳои ҷангзада ва камбизоатӣ дар саросари дунё наҷот додааст.


ЮНИСЕФ мегӯяд, кӯдакони бомаърифату солим заминаи рушди инсоният аст. Яке аз авлавиятҳои кори ЮНИСЕФ дар саросари дунё ин таҳсили духтарон ва ҷилавгирӣ аз бемориҳо, ба хусус аз бемории ВИЧ СПИД мебошад.


ЮНИСЕФ 11 декабри соли 1946 таъсис ёфтааст. Ин созмон дар аввал барои кӯмак ба кишварҳои ҷангзадаи Чину Аврупо ташкил шуда буд, аммо дар ҳоли ҳозир, ЮНИСЕФ дар Африқову Амрико ва Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистон низ фаолияти густарда дорад.


ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон фаолияти худро пас аз истиқлоли ин кишвар шурӯъ кард ва то кунун дар ин кишвар барои рафъи мушкилоти кӯдакон барномаҳои зиёде иҷро кардааст. Барои мисол, имсол ЮНИСЕФ барои барномаи ҷилавгирӣ аз марги модару кӯдак дар Тоҷикистон беш аз 5 миллион $ тахсис додааст. Ҷалби духтарон ба таҳсил, ваксиназании кӯдакон барои ҷилавгирӣ аз бемориҳои мухталиф бахши дигари кори ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон будааст.


Дар ҳоли ҳозир, ЮНИСЕФ дар 156 кишвари дунё фаъолият дорад. Кофе Аннан, дабири кулли СММ аз ЮНИСЕФ изҳори минаддорӣ кард ва гуфт, ки ӯ ба наздикӣ аз мақоми худ меравад, вале ҳамеша ҳаводори ЮНИСЕФ хоҳад монд.
Расули Шодон
XS
SM
MD
LG