Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши фавти беморони сил дар Тоҷикистон


Бино ба иттилоъи Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сили Тоҷикистон дар тӯли соли равон дар ин кишвар бар асари бемории сил 490 нафар фавтидааст.


Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ Саъдулло Сайидвалиев, раиси Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил бо баёни ин матлаб афзуд, ин омори расмист ва бар тибқи ин омор ҳамакнун беш аз 13.000 нафар дар кишвар мубтало ба сил будаанд.


Бунёди Глобалӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории сил дар соли 2007 ба Тоҷикистон ҳудуди 16 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Созмонҳои хайрия дар солҳои 2003 то 2006 барои ҷилавгирӣ аз ин маризӣ ҳудуди 12 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардаанд. Ва аммо Абдулло Шарифов, ҷарроҳи беморхонаи сили минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ин кӯмакҳо то ҳанӯз ба ин марказ нарасидааст: «барои он ки маблағҳо,ин садақаҳо биоянд ва ба маризон бирасанд, контрол лозим аст. Назорат, ки нест, садақа ба беморҳо намерасад.»


Ин дар мавридест, ки аз хазинаи давлат барои рафъи хатари бемори сил ва тармими бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияи Восеъ, мавзеъи силхез ҳудуди 4,5 миллион сомонӣ баробар ба 1 миллиону 300.000 доллар ва барои иҷрои барномаи «Даҳ соли ҷилавгирӣ аз марази сил» дар ин мавзеъ беш аз 14 млн доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG