Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ ҳол дорӣ, насру носир?


Абдулҳамиди Самад мегӯяд, навиштаҳои адибони тоҷик дар даҳсолаи ахир фаровон аст, аммо хонанда надорад. Чаро?

Ҷонибеки Акобир як иллати коҳиш ёфтани шумори алоқамандони адабиётро ба кори заъифи ширкати «Почтаи Тоҷик» мансуб медонад.

Мираҳмади Амиршо мегӯяд, мақомот ба қисмати адабиёт ва нависандагони тоҷик бетафовут шудааст. Пас, чӣ бояд кард?

Маҷид Салим дар бораи ба ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтани асарҳои адибони тоҷик масъалагузорӣ мекунад.

Шарифмурод Исрофилниё роҳҳои раҳоӣ аз бӯҳрони ба сари адабиётомадаро ба Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон бозгӯ мекунад.


Имрӯз дар маҷаллаи «Фарҳанг ва андеша» мо мавзӯъи насри муосири тоҷикро баррасӣ хоҳем кард. Тайи ним соати оянда мехоҳем таваҷҷӯҳи шуморо ба мушкилот ва падидаҳои насри тоҷик ҷалб намоем.

Дар ин баррасӣ Абдулҳамиди Самад, муовини аввали раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Ҷонибеки Акобир, сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ», адибон Мираҳмади Амиршо ва Маҷид Салим, мунаққид, номзади улуми филология Шарифмуроди Исрофилниё ширкат мекунанд.

Агар мехоҳед тафсилоти ин сӯҳбати ҷолибро бишнавед, рамзи радио дар паҳдӯи сарлавҳаро пахш бикунед
XS
SM
MD
LG